ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ. Киҳо барандаи он шуда метавонанд?
ДУШАНБЕ, 11.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис меёбад. Барандагони Ҷоизаи мазкур онҳое мегарданд, ки дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ дастовард дошта, дар муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳақиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик», ки 5 декабри соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, дастур доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Президенти мамлакат ба Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, вазорату идораҳои дигари дахлдор супориш доданд, ки то 1 феврали соли 2024 лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
Дар ин Симпозиум ҳамчунин Пешвои миллат бо назардошти равандҳои ҳассоси сиёсию фарҳангӣ ба мароитиб таҳким бахшидани ҳувияти миллӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва дар ин заминаи таълифоти илмии академик Бобоҷон Ғафуров идома додани риштаи тоҷикшиносиро таъкид намуданд.
Ҳамзамон Сарвари давлат дастуру супориш доданд, ки ба корҳо дар таҳия ва нашри адабиёти бачагона оид ба таърихи халқи тоҷик вусъат бахшида шавад.
Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми аллома Бобоҷон Ғафуровро дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ намуданд.
««Тоҷикон» асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст. Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд»,-тазаккур доданд Пешвои миллат.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд






