ҶОМИ ОСИЁ-2023. Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Чинро ҳайати доварон аз Арабистони Саудӣ ҳакамӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 12.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати довароне, ки дар бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Чин кор менамояд, маълум шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Вазифаи довари марказии ин бозиро довари 37-солаи ФИФА Муҳаммад Хлед Ал-Хоиш аз Арабистони Саудӣ ба уҳда дорад. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Халаф Зайд Ал-Шаммарӣ ва Ёсир Абдуллоҳ Ал-Султон кумак менамоянд. Довари эҳтиётӣ Муҳаммад Назмӣ Бин Насаруддин аз Малайзия хоҳад буд. Дар VAR довари ФИФА Холид Солеҳ Ал-Турайс аз Арабистони Саудӣ кор намуда, вазифаи ёвари VAR-ро довари ФИФА Абдулло Ҷамолӣ аз Кувайт иҷро менамояд.
Бояд таъкид намуд, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар чаҳоргонаи «А» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Чин 13 январ дар варзишгоҳи Абулло бин Халифаи Давҳа баргузор мешавад. Ин рақобат соати 17:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:30 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






