ҶОМИ ОСИЁ-2023. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз тими миллии Қатар мағлуб шуд

Январь 17, 2024 21:38

ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 аз  тими миллии Қатар мағлуб шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ин бозӣ имрӯз, 17 январ  дар варзишгоҳи «Ал-Байт»-и Давҳа баргузор шуда, бо ҳисоби 0:1 анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар қисми финалии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «А», ки дар Қатар идома дорад, дар бозии аввал бо дастаи мунтахаби Чин мусовӣ бозӣ намуд.

Бозии ин дастаҳои мунтахаб 13 январ дар варзишгоҳи «Абдулло бин Халифа»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом ёфт.

Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини Лубнон рақобат менамояд.

Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз байни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 17, 2024 21:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад