ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/8-ниҳоӣ бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд

Январь 28, 2024 10:19

ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023  бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бозӣ менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии Давҳа баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Агар дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозӣ пирӯз шавад, 2 феврал дар даври даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун бозӣ менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 28, 2024 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд