PARIS GRAND SLAM 2024. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд

Январь 21, 2024 17:11

ДУШАНБЕ, 21.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2-4 феврали соли 2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар мусобиқаи сайри ҷаҳонии ҷудо- Гранд Слами Париж-2024 иштирок менамояд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқаи байналмилалии Гранд Слами Париж-2024 бо иштироки 600 варзишгар аз 102 давлати дунё баргузор мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгари шинохта: Муҳаммадсолеҳ Қувватов бо Меҳрзод Суфиев дар вазни то 60кг, Эмомалии Нуралӣ бо Обид Ҷебов дар вазни то 66кг, Беҳрӯз Хоҷазода бо Абубакр Шеров дар вазни то 73кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг, Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100кг муаррифӣ менамоянд.

Хотиррасон менамоем, ки фонди умумии ҷоизаҳо 154 000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт менамоянд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Январь 21, 2024 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад