ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН- РОҲНАМОИ ҶАВОНОН БА ФАРДОИ ОБОДУ ДУРАХШОН! Таҳти ин унвон дар Бӯстон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷавонону варзишгарони шаҳри Бӯстон бо илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 200 ҷавони гуногункасб иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Ҳайати меҳмонон нахуст бо дастовардҳои олимони ҷавон ва донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, омӯзгорони ҷавон ва хонандагони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, муассисаҳои таълимии шаҳр ва муараббиёну варзишгарони муассисаи давлатии мактаби варзишӣ ва филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон шинос шуда, бо ғолибон суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд.
Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода оид ба дастгирии давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фароҳам намудани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои онҳо ибрози назар намуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода аз дастгирии давлатии ҷавонон зери роҳбарии Сарвари оқилу ҷавонпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунандаи марбут ба ҳаёти ҷавонон, муқаррар намудани имтиёз ва дигар тадбирҳо ба ин қишри ҷомеа, нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзҳои муқаддаси Ватан, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатдории навини миллӣ сухан гуфт.
Раиси Кумита бо такя ба дастгирии давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавонону варзишгарон ва сарбозон ҷиҳати аз даст надодани зиракии сиёсӣ, аз бар намудани илму донишҳои замони муосир, баланд бардоштани ифтихори ватандӯстӣ, ваҳдату ҳамзистӣ, саҳмгузорӣ дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои давлатӣ ҷиҳати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд






