Петр Сегрт: «Агар чанд пешниҳод медоштам, дар ҷои аввал Тоҷикистонро мегузоштам»

Январь 29, 2024 14:00

ДУШАНБЕ, 29.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозии 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуда, ба даври чорякниҳоии  мусобиқа роҳхат гирифт, ки акнун бо ғолиби ҷуфти Ироқ-Урдун бозӣ менамояд.

Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ — 1:1 анҷом ёфт. Ваҳдат Ҳанонов дар дақиқаи 30-юм пас аз партофти Зоир Ҷӯрабоев ҳисобро боз намуд. Дар дақиқаи 90+5-ум футболбозони Амороти Муттаҳидаи Арабӣ бо талоши Халифа Муборак Ал-Ҳаммадӣ ҳисобро баробар намуданд. Дар зарбаҳои пеналтӣ бахти  дастаи Тоҷикистон омад намуд – 5:3. Дарвозабони дастаи мо Рустам Ятимов яке аз тӯбҳои футболбозони  дастаи  яккачини Амороти Муттаҳидаи Арабиро гардонд.

Пас аз бозӣ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт нишасти матбуотӣ доир намуд, ки дар он ба саволҳои зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ дар бораи пирӯзии таърихии футболбозони тоҷик посух дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Championship.asia иттилоъ медиҳад.

— Ҷаноби мураббӣ, Тоҷикистон ба чорякниҳоӣ роҳхат гирифт. Ҳадафи навбатии шумо чист?

— Рақибони мо имрӯз хеле хуб бозӣ намуданд. Бозӣ бо ин дастаи яккачин осон набуд. Мо имрӯз сахт мубориза бурдем. Бароямон лаҳзаҳои охири бозӣ  бисёр ҳаяҷоновар буд, хушбахтона,  он  бо хубӣ анҷом ёфт. Ятимов барои ман беҳтарин бозингар аст. Ӯ имрӯз хуб бозӣ намуд. Дирӯз мо ба зарбаи пеналтӣ омодагӣ медидем. Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки имрӯз бахти мо омад намуд. Ин ғалаба боиси ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ аст. Мо барои расидан ба комёбиҳои бештар талош менамоем.

— Шумо ишора намудед, ки дар дақиқаҳои охир гол задан кори осон набуд. Пас аз ин гол руҳияи даста чӣ гуна буд?

— Дар он вазъият ҳама руҳафтода шуданд, вазъият хеле ногувор буд. Бо вуҷуди ин, ман ба бозингарон таъкид намудам, ки мо набояд мағлуб шавем. Моро  мақсади  ғалаба кардан ва нигоҳ доштани шарафи Тоҷикистон руҳбаланд сохт. Табиати дастаи миллии Тоҷикистон, мураббиён ва кулли мардуми мамлакат ба ҳамин ҳадаф равона гардидааст.

— Бозиҳои Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дастаи мунтахаби Исландия дар Чемпионати Аврупо дар соли 2016-ро ба ёд меоранд. Сабаби муваффаққияти шумо дар чист?

— Ҳамчун хорватӣ ман медонистам, ки ба зарбаҳои пеналтӣ чӣ гуна бояд омодагӣ гирифт. Тими миллии Марокаш низ дар Ҷоми ҷаҳонии қаблӣ нишон дод, ки ҳама кор имконпазир аст. Мураббии ҳақиқӣ бояд дар даста ҳамоҳангиро таъмин намуда тавонад. Дар ҳайати мо ҳамдилӣ ва ҳамфикрӣ ҳукмфармо аст.

— 20 сол қабл Юнон дар Чемпионати Аврупо ғолиб омада буд. Оё шумо ҳам дар бораи пирӯзӣ дар Ҷоми Осиё  мақсад доред?

— Мо  барои расидан ба  орзуҳои худ талош менамоем ва аз рўи онҳо кор мебарем. Ҳадафи кунунии мо ғолиб шудан дар бозии оянда мебошад. Албатта орзу намудан хуб аст, аммо воқеъбин будан боз беҳтар аст. Албатта, мо кӯшиш менамоем, то натиҷаи хуб ба даст орем.

— Сабаби ин қадар неруву  иродаи қавӣ доштани шумо дар чист?

— Медонед, ман зиндагии хеле душворро паси сар намудаам. Аз кӯдакӣ ба ҳама эҳтиром гузоштан одати ман аст. Ман асли худ ва ватанамро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намесозам. Дидани ҳама дар нишастҳои матбуотӣ бароям хеле хушоянд буд, аммо ман ба ин кор 28 сол боз машғул ҳастам. Агар ман ноком шавам, шумо метавонед маро танқид намоед, зеро ин як қисми кори мо аст.

Чанде пеш мо фаҳмидем, ки шумо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон ихтилоф доред ва мехоҳанд шуморо аз кор озод намоянд. Имрӯз шумо бо дастаи мунтахаб ба таърих ворид шудед. Шартномаи Шумо бо «Терма» пас аз Ҷоми Осиё ба охир мерасад. Нақшаҳои минбаъдаи шумо чӣ гунаанд?

— Мо ҳоло бо Федератсия муносибати хеле хуб дорем. Баъзан вақт нофаҳмиҳо ба миён меоянд. Ман хислати хеле қавӣ дорам. Бале, шартномаи ман пас аз Ҷоми Осиё ба охир мерасад. Пас он вақт мебинем, ки чӣ мешавад. Агар ман чанд пешниҳод медоштам, дар ҷои аввал Тоҷикистонро мегузоштам.

— Ҷаноби Сегрт, имрӯз бисёр мухлисони узбек ба дастаи миллии Тоҷикистон ҳаводорӣ намуданд. Оё шумо Узбекистонро дар майдон дастгирӣ менамоед?

— Дар аввал мехостам дар бозиҳои ҳамаи дастаҳо иштирок намоям. Вале 29 январ вохӯрӣ барпо мегардад, ки ҳарифи ояндаи моро муайян менамояд. Ман ин бозиро тамошо менамоям. Омӯхтани рақиб, албатта, аз ҳама муҳим аст. Мо, бешубҳа, мухлиси Узбекистон ҳастем. Имрӯз аз Узбекистон қариб 20 мактуб қабул намудам. Мамлакати шумо беҳтарин аст.

АКС: Конфедератсияи футболи Осиё

Январь 29, 2024 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтаринҳои Лигаи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 муайян ва соҳиби ҷоизаҳо шуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон-2024 баргузор мегардад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба машқҳои дастҷамъӣ ҷалб гардид
Устоди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар Панҷакент дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди пауэрлифтинг соҳиби медали тилло гардид
Ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев дастаашро дар Суперлигаи Узбекистон иваз кард
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 муайян гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ФУТБОЛ. Дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд даврҳои таълимӣ аз рӯйи барномаи сертификати «С» идома доранд
Беҳтаринҳои Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон муайян шуданд
Шоҳмотбоз аз Тоҷикистон Надежда Антонова дар чемпионати Осиё медали тилло ба даст овард
60 варзишгари беҳтарини вилояти Суғд барои дастовардҳо дар соли 2024 қадрдонӣ гардиданд