Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб 5 иншоотро мавриди истифода қарор дод

Январь 30, 2024 19:00

КӮЛОБ, 30.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб соли 2023 сохтмони якчанд иншооти дорои таъйиноти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки аз он 13 иншоот дар соҳаи маориф, 3 иншоот дар бахши ҳокимияти давлатӣ, соҳаи тандурустӣ, соҳаи фарҳанг ва як иншоот дар соҳаи коммуналӣ мебошад. Аз ин шумора 5 иншоот пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Аскар Соҳибзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки аз иншооти нақшавӣ дар навбати якум мактаб барои 640 хонанда дар деҳаи Сангпари Ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Инчунин сохтмони навбати якуми хати интиқоли неруи барқи 10/04 квт дар деҳаи Роғиёни Ҷамоати деҳоти Шамсиддини Шоҳин ва деҳаи Шамсиддин Сафаров бо иқтидори 5,2 км хати барқи 10/0,4 квт, навбати якуми Қасри фарҳанги деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Фархор, сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Таги ҷари ноҳияи Ховалинг ва сохтмони мактаб барои 200 хонанда дар деҳаи Дараи Боҳтури ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Дар айни замон дар бинои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгории ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои бетонрезӣ, гузоштани плитаҳои яклухт ва оҳану бетонии ошёнаи сеюми бино идома доранд.

Аскар Соҳибзода дар идомаи нишасти хабарӣ афзуд, ки дар айни замон дар сохтмони мактаби №10-и деҳаи Тудании ноҳияи Шамсиддини Шоҳин корҳои хиштчинӣ, бетонрезии сутунпояҳои бинои толори варзишӣ ба анҷом расида, ба ободонии атрофи бинои таълимӣ шуруъ намудаанд.

Соли 2024 дар нақша аст, ки ду деҳаи навбунёди Ҷамоати деҳоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо барқ пурра таъмин гардида, боми бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти ноҳияи Фархор пӯшонида шавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд