«САДОИ ДӮСТӢ». Дар Душанбе консерти пуршукуҳи байналмилалии симфонӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 январ, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Гала-консерти байналмилалии симфонии «Садои дӯстӣ» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Театри давлатии академии опера ва балет хабар доданд.
Ин консерт нахустнамоиши таърихии ду асари бузурги асри XX — симфонияи дуюми Сергей Рахманинов ва асари симфонии «Садо»-и композитори муосири барҷастаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ мебошад.
Ин ҳамоҳангӣ тасодуфӣ нест, зеро ин симфонияҳоро ҳисси зебоӣ ва муҳаббати фидокорона ба Ватан муттаҳид намудаанд.
Консерт бо увертюраи Толибхон Шаҳидӣ «Тоҷикистон» оғоз мешавад, ки дорои руҳияи ватандӯстӣ мебошад. Нахустнамоиши симфонияи «Садо» соли 1984 иҷро шуда, ба муаллифи ҷавон шуҳрат овард.
Соли 1987 Толибхон Шаҳидӣ дар Озмуни байналмилалии мусиқии муосир дар ИМА барои эҷоди ин асар ҷоиза гирифт. Асар якчанд бор таҳти раҳбарии Ҳунарпешаи халқии Русия Валерий Гергиев ва аз ҷумла, аз ҷониби оркестри симфонии Лондон иҷро шудааст.
Симфонияи дуюми Сергей Рахманинов ба муаллифаш унвонҳои баланд овардааст. Симфонияи дуюм соли 1906, вақте ки Рахманинов дар Москва зиндагӣ менамуд ва ба фаъолияти дирижёрӣ, бахусус дар Театри Калон машғул буд, таҳия шудааст.
«Консерти «Садои дӯстӣ» тасдиқи он аст, ки санъати академии мусиқии Тоҷикистон рушд менамояд. Он нишондиҳандаи равшани равандҳои ҳамгироии фарҳангие аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардидаанд», — мегӯяд директори театр ва ташаббускори ин лоиҳа Камолиддин Сайфиддинзода.
Ба иттилои директори театр, «оркестри мо барномаи пурмазмуни мусиқиро ваъда медиҳад, зеро ба он ҳамкасбон аз Русия ҳамроҳ мешаванд. Бо дастгирии Бунёди ҷамъиятии хайриявии Санкт-Петербург- фонди Ирина Богачева рӯзҳои наздик 20 навозанда ба Душанбе омада, ба машқҳои муштарак шуруъ менамоянд. Умуман, дар саҳна зиёда аз 80 навозанда баромад менамояд, ки чунин намоиш дар театри мо бори аввал аст. Роҳбарии оркестрро маэстро аз Италия- дирижёр Ҷерардо Колелла ба уҳда гирифтааст».
Ба гуфтаи Камолиддин Сайфиддинзода, «пеш аз консерт боз як барномаи ғайриодӣ баргузор мешавад — 30 дақиқа пеш аз ворид шудан ба толор солистони операи мо меҳмононро бо баромадҳои вокалӣ пешвоз мегиранд ва ошёнаи дуюми театр ба намоишгоҳи рассомони маъруфи Иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил меёбад».
АКС: Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






