Сарвари давлат Садаро рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ номиданд

Январь 28, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сада рамзи пирӯзии гармиву нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд.

Дар идома гуфта шуд, ки яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломативу тандурустиву рӯйсурхӣ намудан мебошад, ки то кунун дар байни мардум чун маросими «аловпарак» маъмул аст.

Тавре Пешвои миллат тазаккур доданд, то фарорасии ҷашни Сада кишоварзон ҷӯйбору заҳкашҳоро ба тартиб дароварда, яхобмонии боғу токзор ва обшӯйкунии заминҳоро анҷом медоданд. Бахусус, дар ин давра тартиби кандани ниҳолҳо барои бунёди боғҳои нав аз ҷониби пирони рӯзгордида, маросими идонаи дарахтбурӣ, шаклдиҳии дарахтони мевадиҳанда ва тоза намудани атрофи дарахтони сояафкан ба амал меомад.

«Пас аз таҷлили ҷашни Сада деҳқонон аз фароғати зимистона берун омада, дар андешаи мавсими нави кишоварзӣ ва боғдорӣ мешуданд, — ёдовар шуданд Сарвари давлат. — Зеро маҳз дар ин айём дар қишри Замин бедорӣ оғоз мегардад, ки замину замону табиатро барои эҳё омода месозад».

АКС аз бойгонӣ

Январь 28, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад