«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Таҳти ин шиор аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Душанбе ҳашари дастҷамъона гузарониданд

Январь 20, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 20.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтари ноҳияи Фирдавсӣ, оромгоҳи Лучоби ноҳияи Сино, маҳаллаҳои «Заргар», «Сурхоб», «Варзоб-ГЭС»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва маҳаллаҳои Шоҳмансур 1,2,3 ва «Афзалӣ»-и ноҳияи Шоҳмансур ҳашари дастҷамъона гузарониданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, дар ҳашар кормандону фаъолони ҳизб минтақаҳои мазкурро аз  партов,  хазонбаргҳо тоза ва атрофи дарахтонро нарму мулоим намуданд.

Ҳамзамон ҳизбиёни пойтахт бо истифода аз ҳавои мусоид дар бархе аз минтақаҳои мазкур ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва арчаҳои ҳамешасабз шинонида, майдончаҳои варзишии ин минтақаҳоро поккорӣ намуданд.


Мақсад аз ин гуна иқдомҳои ҳизбиён пайравӣ ба ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муроҷиатномаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «Шаҳри гулрез» табдил додани шаҳри Душанбе ва тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо, ободу зебо ва озода гардонидани пойтахт мебошад.

«Бояд гуфт, ки сокини пойтахт будан на танҳо мояи ифтихор, балки масъулияти бузург аст. Аз ин рӯ, мо — сокинони пойтахт бояд фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намудан, бо  тозаву хуррамгардонӣ ва ниҳолшинониву муносибати ғамхорона намудан ба майдончаҳои варзишӣ қалби муқаддаси Тоҷикистон – шаҳри Душанберо тозаву озода нигоҳ дорем», — иброз дошт яке аз ҳизбиён Шаҳриёр Олимӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҳашарҳои дастҷамъонаи ҳизбиёни пойтахт то 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Январь 20, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд