Шартномаи ҳамкории сармураббии дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Тоҳирҷон Муъминов ба анҷом расид

Январь 9, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 09.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шартномаи ҳамкории 1-солаи дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб ва сармураббии шинохтаи тоҷик Тоҳирҷон  Муъминов ба итмом расид. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб соли сипаригардида зери роҳбарии Тоҳирҷон  Муъминов дар аввали мавсим соҳиби «Шоҳҷом»-и Тоҷикистон-2023 шуда, баъдан то бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон-2023 расид.

Ҳамзамон зери роҳбарии Тоҳирҷон  Муъминов дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб дар таърихи фаъолияти худ дубора ба гирифтани мақоми 2-юм дар Чемпионати Тоҷикистон ва медалҳои нуқра шарафёб шуд.

Фаъолияти Тоҳирҷон  Муъминов бо дастаи «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб дар Ҷоми КФО-2023 низ хуб буд, зеро дар ин мусобиқот дастаи «Равшан» аввалин имтиёзҳои худро дар даври гурӯҳӣ ба даст оварда, бо се мусовӣ дар гурӯҳ мақоми 3-юмро касб намуд, вале аз идомаи сабқат дар давраҳои баъдӣ бенасиб монд.

Ҳангоми фаъолият дар дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб Тоҳирҷон  Муъминов тамоми ҳунару маҳорат ва неруи худро баҳри комёбии даста сарф менамуд, ки роҳбарияти даста, сарпарастон ва собиқадорони дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ба кори Тоҳирҷон  Муъминов эҳтироми хосса зоҳир намуда, аз ӯ миннатдор мебошанд.

Номи сармураббии нави даста рӯзҳои наздик эълон мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Январь 9, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд