Соли 2023 дар Тоҷикистон шумораи занони роҳбар беш аз ҳазору сад нафарро ташкил дод

Январь 30, 2024 17:41

ДУШАНБЕ, 30.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4569 нафар ё 25 фоизро ташкил дода, аз 5883 нафар ишғолкунандаи мансабҳои роҳбарикунанда 1132 ё 19,2 фоиз занони роҳбар мебошанд. Дар ин хусус Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Мавсуф изҳор намуд, ки шумораи умумии заноне, ки дар хизмати давлатӣ фаъолият доранд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023       66 нафар афзоиш ёфта, дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 17 нафар зиёд шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи заноне, ки дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ фаъолият мебаранд, соли 2007- 3845, соли 2008- 3915, соли 2015- 4226, соли 2018- 4441 ва соли 2021    4518 нафарро ташкил медод.

Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1597 нафар ё 27,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз 3551 нафари ба мансабҳо таъйингардида дар соли 2023  872 нафар занони то 35-сола мебошанд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Январь 30, 2024 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд