Соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мегардад

Январь 1, 2024 15:50

ДУШАНБЕ, 01.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аввалҳои соли 2024 дар Тоҷикистон Озмуни телевизионии «Латифаҳои Хоҷа Насриддин» баргузор мешавад. Дар ин хусус дар «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, иттилоъ дода шудааст.

Озмун 1 апрели соли 2024 ҷамъбаст гардида, ба муносибати қабул гардидани «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба феҳристи осори фарҳанги ғайримодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг – ЮНЕСКО бахшида шудаааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 номинатсияи муштараки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд. Оид ба расман ворид гардидани ин номинатсия 1 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш баргузор шуд, эълон гардид.

Номинатсияи «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия гуфташуда қабул гардид.

Хоҷа Насриддин, Мулло Насриддин, Насриддин Афандӣ — қаҳрамони латифаҳои тоҷикӣ мебошад. Бо ин ном дар адабиёти хаттии тоҷик низ латифаҳои зиёде эҷод шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 1, 2024 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд