Соли 2024 ташрифи Президенти Туркия ба Тоҷикистон дар нақша аст

Январь 16, 2024 09:27

ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад соли 2024  Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Дар ин хусус Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар зимни нишасти хабарӣ, ки дар доираи сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фидан ба Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки зимни сафари расмии  Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳақан Фидан дар Душанбе ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳо баррасӣ гардид.

Тазаккур дода шуд, ки роҳҳои иштироки ҷониби Туркия дар амалисозии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар Тоҷикистон низ баррасӣ шуданд.

Дар вохӯриҳо доир ба масъалаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин минтақавӣ ва амниятӣ табодули афкор анҷом дода шуда, имзои «Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия барои солҳои 2024-2026» — таъкид гардид дар нишасти хабарӣ.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 16, 2024 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад