Стансияи агрометеорологии «Ҳисор» аз таъмири асосӣ бароварда шуд

Январь 2, 2024 11:41

ДУШАНБЕ, 02.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Стансияи агрометеорологии «Ҳисор»-и Агентии обуҳавошиносии Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири метеорологӣ ва агрометеорологӣ, маводи хоҷагидорӣ таъмин гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин замина Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Баҳодур Шерализода дар стансияи агрометеорологии «Ҳисор» бо шароити кору хизматрасонӣ, омодагӣ ба замистонгузаронӣ, корҳои таъмиру барқарорсозии биною иншоот, корҳо дар самти мушоҳида ва омӯзиши равандҳои обуҳавошиносӣ шинос гардид.

Раиси Кумита ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ҷараёни мушоҳидаҳои метеорологию агрометеорологӣ аз наздик шинос гардида, барои    ҷоннок намудани корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани ниҳолу дарахтҳои мевадиҳандаю сояафкан ва истифодаи оқилонаи замин дастурҳои мушаххас дод. Ҳамзамон аз тарафи Кумита ба ин стансия таҷҳизоти компютерӣ ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ тақдим гардид.

Стансияи агрометеорологии «Ҳисор» соли 1968 бунёд гардида, дар он мушоҳидаҳои метеорологӣ ва агрометеорологӣ бо усули дастӣ гузаронида мешаванд. Натиҷаи онҳо дар раванди таҳияи пешгӯиҳои агрометеорологӣ, маълумотномаҳои иқлимӣ ва банақшагирии раванди киштукор дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Шаҳринав ва Рӯдакӣ истифода мегарданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 2, 2024 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд