ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА ОҒОЗ ЁФТ. Волидайн дар тарбияи дуруст ва хониши фарзандон чӣ саҳм мегузоранд?

Январь 1, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 01.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таътили 10-рӯза оғоз гардид. Хонандагон набояд дар давраи таътил вақти худро сарфи кори беҳуда намоянд. Падару модарон бояд, пеш аз ҳама, дар таълиму тарбияи фарзандон саҳм гузошта, нагузоранд, ки онҳо вақти худро зоеъ намоянд.

Дар робита ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон, бахусус духтарон ва соҳибкасб намудани онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «падару модар то нафаси охирин заҳмати фарзандашро мекашад, ба шавҳар дода, дар фикри фарзанди онҳо мешавад. Агар фарзанд таълиму тарбияи хуб гирифта бошад, пас саводу дониши баланд дорад, касбу ҳунар дорад ва ба падару модари худ нигаҳбон мешавад. Падару модарон набояд дар ҳаққи фарзандону наберагони худ зомин шаванд, пеши роҳи хондани онҳоро гиранд, балки бояд ояндаи онҳоро андеша намуда, барои таълими онҳо шароит муҳайё созанд».

Бояд гуфт, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазое аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд намудаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.

Имрӯз дар мамлакат оилаҳои зиёде ҳастанд, ки бо рафтору кирдори намунавӣ дар ҷамъият нақши босазо мегузоранд. Волидон низ барои тарбияи дуруст гирифтани фарзанд кӯшиш намуда, барои саводнок шудани онҳо шароит муҳайё месозанд. Ҳарчанд дар таълими фарзандон нақши модарон зиёд аст, вале падароне ҳастанд, ки бо бар дӯш гирифтани масъулияти таъмини моддии рӯзгор боз вақт ёфта, ба тарбияи фарзандон машғул мешаванд.

Сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Салимҷон Ҷангизода аз зумраи чунин падарон аст. Ӯ соҳиби чор фарзанд аст, ки онҳо дар мактаб бо баҳои аъло мехонанд ва байни ҳамсабақон намунаи ибрат мебошанд. «Дар вақти ҷавонӣ ҳар шахс орзу дорад, ки соҳиби фарзанд шавад ва онҳо номбардораш гарданд. Вале набояд фаромӯш намуд, ки барои соҳибмақом шудани фарзанд волидон бояд заҳмати зиёд кашанд, аз хурдӣ тарбия диҳанд, то ки онҳо фардо номбардори падару модар ва давлат гарданд»,-гуфт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки ҳамеша фарзандонашро ба китобхонӣ ташвиқ менамояд. Аз ҷумла, дар  вақтҳои таътил ба кӯдаконаш хондани китобҳои бадеӣ, ба мисли «Шоҳнома», «Шоҳзода ва гадо», «Чор дарвеш», «Қобуснома», «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро тавсия дода, дар дили онҳо меҳри китобхониро бедор менамояд.

Салимҷон кӯдаконро на танҳо ба китобхонӣ, балки машғул шудан ба варзиш, машғулияти зеҳнӣ ва забономӯзӣ низ водор менамояд. Ба гуфтаи ӯ, дар айни замон фарзандонаш ба омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ ва илмҳои дақиқ машғул мебошанд.

Ба андешаи Салимҷон, барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро бояд аз хурдӣ ба мактаби оила ва ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро тамоми бурду бохти мо ба оилаву оиладорӣ алоқаманд аст.

«Падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд. Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад»,- изҳор медорад Салимҷон Ҷангизода.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 1, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд
Имрӯз ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷоизаҳо супорида шуданд
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон масоили инфрасохтори рақамӣ барои ҳукумати электронӣ баррасӣ шуд
Даҳгонаи беҳтарин довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии солҳои 2023-2024 муайян гардиданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Волидони ғолибони озмун сазовори нишони «Маърифатпарвар» гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии рушди таҳсилоти касбӣ дар Чин иштирок намуданд
Байни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи касбии Заоҷуани Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маркази миллии тестӣ барои хатмкунандагони 530 муассисаи таълимӣ имтиҳонҳои озмоишӣ баргузор менамояд