ҶУДО. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия иштирок менамоянд

Январь 25, 2024 18:15

ДУШАНБЕ, 25.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Одивеласи Португалия аввалин мавсими нави мусобиқаи ҷаҳонии Grand Prix Portugol 2024 оид ба намуди гӯштини ҷудо оғоз шуда, то 28 январ идома меёбад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи Гран-Прии Португалия иштироки беш аз 640 варзишгар аз 92 давлат дар назар аст. Дар он Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳашт паҳлавони мард ва як зан намояндагӣ менамоянд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Меҳрзод Сӯфиев, ҳарду дар вазни то 60 кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73 кг, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни то 81 кг, Умедҷон Раҷабов ва Комроншоҳи Устопириён, ҳарду дар вазни то 90 кг, Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзода, ҳарду дар вазни то 100 кг дар сабқати мардон, инчунин Аҳлия Муъминова дар вазни то 52 кг дар сабқати занон рақобат менамоянд.

Барномаи мусобиқа:

26 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва 60 кг, -66 кг байни мардон баргузор мегардад.

27 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг байни занон ва -73 кг, -81 кг байни мардон доир мешаванд.

28 январ қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон ва -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон баргузор мегарданд.

Ба ҷуз аз медал ғолибони ҷойи аввал дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд. Инчунин иштирокдорони ин мусобиқаи пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар раддабандии ҷаҳонӣ мегарданд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Январь 25, 2024 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад