21 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад
ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 7 ҳазор забон мавҷуд буда, 45 фоизи он зери хатар қарор дорад. Танҳо чандсад забон дар низоми маориф ва ҳукумат нақши барҷаста дошта, камтар аз сад забон дар системаи технологияи рақамӣ истифода мешавад. Бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии забони модарӣ маҳсуб мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор шуда буд, эълон гардид.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода баранд.
Ҳамзамон дар низоми маорифи мамлакат низ забон ба таври васеъ истифода мешавад. Масалан, китобу маводи дарсӣ бо забони давлатӣ таҳияю нашр ва дарсҳо низ бо забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо забони тоҷикӣ дар низоми технологияи рақамӣ низ истифода мегардад.
Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад. Забони тоҷикӣ, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад, бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеияшро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад. Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, мувофиқ ва осон буда, барои рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек ба шумор меравад.
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст, ки дар барнома ҳудуди 2 миллион калима пешниҳод гардида, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд мешаванд. Ба иттилои масъулин, ин барнома ба ислоҳи ҳарфҳои ғалат дар системаи компютерӣ нигаронида шудааст.
Дар Тоҷикистон дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллияти миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.
Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода, забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсола дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми бузург дорад. Дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, ки аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.
«Имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ менамоянд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама нишони тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ мебошад», — афзуд номбурда.
Ба гуфтаи раиси кумита, «агар бузургони пешин- устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ намуда бошанд, дар пайомади онҳо абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ байни зиёда аз 200 давлати олам баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон медонанд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад».
«Асари мондагору муҳим ва бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ба миллати тоҷик пешкаш гардид, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузурги илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат ва инқилоби фикрие дар ин ҷода мебошад», — таъкид дошт мавсуф.
Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ба масъалаи забон рӯ овардани Пешвои миллат дар заминаи баҳсу мунозираҳои беохир оид ба ҷойгоҳи тоҷикон дар арсаи таъриху тамаддуни ҷаҳон ва нақши забони тоҷикӣ дар ин раванди таърихӣ ба вуҷуд омад. Ва чуноне ки муаллифи ин асари арзишманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизааш нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир намудааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон, Истиқлол ва ноҳияҳои Вахш, Восеъ ва Ашт доир мегардад
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Дастнависҳо – мероси фарҳангии миллат» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ доир шуд
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Тоҷикистон «Барномаи рушди китобхонаҳои деҳот барои солҳои 2027–2031» амалӣ мешавад
Дар Осорхонаи миллӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда ҳамоиш баргузор гардид
Дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон намоишномаи «Бобоҷон Ғафуров» нахустин маротиба пешниҳод гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Viva Astana» сазовори «Шоҳҷоиза» гардид
Аз 9 то 30 июн экспедитсияи муштараки бостоншиносии Тоҷикистон ва Фаронса гузаронида шуд
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»






