Ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид

Февраль 27, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 27.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Директори минтақавии Осиёи Ғарбӣ ва Шарқии Раёсати рушди захираҳои инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии рушд София Шакил, мутахассиси соҳаи тандурустӣ дар Бонки Осиёии рушд Себел Вонг, таҳлилгари хурди Бонки Осиёии рушд Маделин Дизон ва дигар намояндагон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманди Бонки Осиёии рушд ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва дар заминаи он татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ андешаронӣ намуданд.

Дар айни замон дар соҳаи тандурустии мамлакат 2 Лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд амалӣ мегардад, ки яке аз он Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуи барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таъкид шуд, ки таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд ҳадафманд буда, ҷиҳати боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузоштаанд. Татбиқи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» аз ҷумлаи онҳо дониста мешавад.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки амалисозии Лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳадафи аслии он сохтмон ва таъмири муассисаи тиббӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва маишӣ, баланд бардоштани савияи дониши кормандони тиб ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Рашт, Файзобод ва Шамсиддини Шоҳин дониста мешавад, дар рушду нумӯи соҳаи тандурустӣ дар ин ноҳияҳо заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин  маблағгузории иловагӣ бо фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар- Дарвоз, Данғара ва Айнӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Таъкид шуд, ки соли 2023 гранти кумаки техникӣ барои омодагии лоиҳаи сармоягузории минбаъда оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Осиёии рушд тасдиқ шуд, ки корбарӣ дар ин самт идома дорад. Маблағгузории иловагии пешниҳодшуда ба фарогирии хизматрасонии босифати тиббӣ дар 3 ноҳияи таҷрибавии дигар – Дарвоз, Данғара ва Айнӣ тавсеа бахшида мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки маблағгузории иловагӣ моҳи июли соли 2024 оғоз гардад. Он инчунин дастгирии таҳияи сиёсати миллӣ оид ба маблағгузории беморхонаҳо ва рушди захираҳои кадрии бахши тандурустиро идома медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар қатори навсозии муассисаҳои тиббӣ ва бо муосиртарин дастгоҳ ва таҷҳизоти тиббӣ таъмин намудани онҳо ҳамзамон ворид намудани ислоҳот дар соҳа ва боло бурдани маърифати тиббии аҳолӣ, мустаҳкам намудани равобити ҷомеа бо муассисаҳои тиббӣ ва дар заминаи он аз байн бурдани мушкилот дар низоми хизматрасонӣ, бахусус пешгирии таваллуди хонагӣ ва фавти модару кӯдак аз ҳадафҳои дигари Лоиҳаи «Хизматрасонҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар ноҳияҳои таҷрибавӣ дониста мешавад.

Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо аз ҳамкории судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёду навсозии роҳу пулҳо, муассисаҳои тиббӣ ва мактабу кӯдакистон ба садақаи ҷория дохил мешавад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар моҳи Рамазон бештар анҷом додани амалҳои шоиста дар ҷомеа ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид