Дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ боғи нав бунёд гардид

Февраль 17, 2024 16:33

РӮДАКӢ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сабзу хуррамгардонӣ ва бунёди боғҳои нав дар заминҳои бекорхобида чанде пеш дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 50 садяк — дар замини қаблан партовгоҳ боғи нави дарахтони сояафкан ва мева бунёд шуда, дар он 200 бех дарахти арча, 200 бех дарахти олу ва 200 бех ниҳоли олуча тариқи ҳашар шинонида шуд. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Ҷамоати деҳоти Чоргултеппа иттилоъ доданд.

Раиси Ҷамоати деҳоти Чоргултаппа Гулсун Холзода иброз дошт, ки «мо ҳамеша дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, баҳри сарсабзии мамлакат саҳм мегузорем ва ҳар пораи заминро самаранок истифода менамоем».

Гуфта шуд, ки чунин маъракаи сабзу хуррамгардонӣ ва бунёди боғҳои нав дар дигар заминҳои бекорхобида ва талу теппаҳо бо маром идома дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 17, 2024 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Шуғнон боғи намунавӣ бунёд гардид
Дар шафати кӯли Ҳафткӯл-Ҳазорчашма 3900 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд
БАРНОМАИ «КИШВАРИ САБЗ». Дар ноҳияи Айнӣ дар 0,80 гектар ниҳолхона ташкил карда шуд
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои автомобилгард беш аз 180 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар ноҳияи Рӯшон дар 1 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид
КИШВАРИ САБЗ. Дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ванҷ мавсими ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Истаравшан беш аз 18 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуданд
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд
Хоҷагии давлатии фаръии ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳринав беш аз 80 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун пешниҳод намуд