Дар Душанбе ҷаласаи якуми кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия ҳисоботи директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов дар бораи марҳилаи якуми литсензиякунонии бошгоҳҳо тибқи иҷрои протоколи ҷаласаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷомеаи футболии мамлакат шунида шуд.
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар пайи натиҷаҳои ҷараёни литсензиякунонии бошгоҳҳо ва қабули онҳо ба мавсими нав маълум шуд, ки якбора ду даста – «Куктош» ва «Файзканд» ба мушкилоти ҷиддии молиявӣ дучор гашта, иштироки онҳо дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон номаълум аст. Аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки то рӯзи душанбе вазъро омӯхта, ба як қарор бирасанд – дар мавсими нави чемпионати Тоҷикистон чанд даста иштирок менамояд ва мусобиқот аз рӯйи кадом формула баргузор мешавад.
Дар Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаи лимити иштироки бозигарони хориҷӣ дар чемпионати Тоҷикистон матраҳ шуд. Мисли соли гузашта дар мавсими нав ҳар як бошгоҳи Лигаи олӣ метавонад ба рӯйхаташ ҳадди аксар ҳафт бозигари хориҷӣ ворид намояд. Аммо бар асоси қарори нави Кумитаи иҷроияи федератсия дар дархости бозӣ шумораи бозигарони хориҷӣ маҳдуд намешавад – акнун ҳамаи ҳафт футболбози хориҷӣ метавонанд дар як вақт дар майдон бошанд.
Шоҳрух Саидзода, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси Шурои бошгоҳи «Истиқлол» пешниҳод намуд, ки мақоми Ҷоми Тоҷикистон имсол боло бурда, фонди ҷоизавии калонтар барои Ҷоми мамлакат таъсис дода шавад.
Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла соҳаи тибби варзишӣ дар футболи мо баррасӣ гардида, таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар Тоҷикистон, ки дар он варзишгарон тавонанд пурра хизматрасонии тиббиро дастрас намоянд ва барои барқарорсозӣ пас аз ҷароҳат табобат гиранд, матраҳ шуд.
Бо пешниҳоди аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон масъалаи глобалии таъсиси Маркази ягонаи тибби варзишӣ дар Тоҷикистон бояд дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва дигар федератсияҳои варзишии мамлакат баррасӣ шавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






