Дар Душанбе дастовардҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 феврал дар Душанбе дастовардҳо дар самти пешгирӣ ва табобати бемории сил дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода баён намуд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил, мутахассисони соҳаи тиб, донорҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷомеа лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) дар Тоҷикистонро муваффақона ҷамъбаст намуд.
«Давоми чор сол ин лоиҳа дар самти мубориза бо бемории сил, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва тақвият бахшидан ба донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Лоиҳа дар мубориза бо бемории сил дар мамлакат саҳм гузошта, беш аз 83 000 нафар, аз ҷумла гурӯҳҳои осебпазир ва хатари баланддошта аз муоинаи ташхис гузаронида шуданд. Дар ин марҳила ҳолатҳои нав ошкор ва беморони гирифтори бемории сил барои табобат равон шуданд. Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, роҳнамоҳо, протоколҳои танзимкунандаи лабораторӣ, сохторҳои зиддисилӣ ва ёрии аввалини тиббию санитарӣ дастраси беморон гардонида шуд. Бо дастгирии USAID лабораторияи миллии референсӣ соҳиби шаҳодатномаи дараҷаи аъло барои гузаронидани санҷиши бемории сил бо усулҳои муосир гардид. Реҷаҳои нави кӯтоҳмуддат барои беҳтар намудани табобати сил ҷорӣ шуданд ва зарфияти кормандони тиббӣ барои расонидани хизмати босифат баланд бардошта шуд. Дар маҷмуъ, 1645 мутахассиси соҳаи тиб ва 1392 мутахассиси соҳаи ғайритиб донишу малакаашонро оид ба ҷанбаҳои гуногуни мубориза бар зидди бемории сил такмил доданд»,-илова намуд Абдухолиқ Амирзода.
Роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли иброз намуд, ки анҷоми муваффақи лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ (ETICA) дар Тоҷикистон марҳалаи муҳим дар мубориза бо бемории сил мебошад.
«USAID ба ҳамаи шарикон, ҷонибҳои манфиатдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии доимӣ дар татбиқи фаъолияти лоиҳа изҳори миннатдорӣ менамояд. Муваффақияти ба дастомада бе ҳамкорӣ ва фидокории онҳо имконнопазир мебуд. Ин чорабинӣ дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бо бемории сил нишон мемдиҳад»,-гуфт Питер Райли.
Хотиррасон менамоем, ки бемории сил – бемории сироятӣ буда, яке аз сабабҳои асосии бадшавии саломатӣ ва аз омилҳои асосии фавтнокӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Қабл аз пандемияи COVID-19 бемории сил сабаби асосии фавт аз як омили сирояткунанда буд ва аз ВНМО/БПНМ марговартар аст.
Бемории сил аз бактерияи Mycobacterium tuberculosis, ки ҳангоми ба ҳаво паҳн шудани бактерияҳо аз шахси гирифтори сил ихроҷ мегарданд, (масалан, ҳангоми сулфа) мегузарад. Беморӣ одатан ба шушҳо зарар мерасонад (сили шушӣ), аммо он метавонад ба дигар узвҳои бадан низ таъсир расонад. Бемории сил табобатшаванда аст, аммо бе табобат сатҳи фавтнокӣ аз ин беморӣ дар сатҳи хеле баланд боқӣ мемонад (тақрибан 50%).
Соли 2021 Созмони ҷаҳонии тандурустӣ беш аз 6,4 миллион ҳолати нави гирифторӣ ба бемории силро сабт намудааст, новобаста ба ин 4,1 миллион нафар (ҳолатҳои беморӣ) бо далели мушкилоти марбут ба ошкоркунӣ ва гузориш додани ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 сабт нашудаанд. Соли 2021 1,6 миллион нафар аз бемории сил фавтид.
Бемории сили ба доруҳо устувор ҳамчун мушкилоти асосии саломатии аҳолӣ боқӣ мемонад. Аз ҳама масъалаи нигаронкунанда- ин устуворӣ ба Рифампицин- яке аз самараноктарин доруи қатори якум ба шумор меравад. Штаммҳои беморие, ки ҳадди ақалл ба Рифампицин ва Изониазид устувор мебошанд, ҳамчун бемории сили ба доруҳои сершумор устувор (MDR-TB) муайян мешаванд. Тахмин меравад, ки байни солҳои 2020 ва 2021 сарбории бемории сили ба доруҳои сершумор устувор (MDR-TB) афзоиш ёфтааст. Соли 2021 дар бораи бақайдгирии 450 000 ҳолати нави гирифторӣ ба бемории сили ба Рифампицин устувор (RR-TB) маълумот дода шудааст.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ ҳеҷ гоҳ рамзи тасдиқро талаб намекунанд»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷу умра мебошад»
«АРТИШИ МИЛЛӢ-НЕРУИ ПОЯНДАИ ДАВЛАТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Бохтар ҳамоиш доир гардид
Дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандон ба беш аз 110 миллион сомонӣ расид






