Дар Душанбе масъалаи расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулода бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Гирт Гиджс-коршиноси Бюрои аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мулоқот баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Дар мулоқот оид ба масъалаҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулода табодули афкор намуда, масъалаҳои зарурати ворид намудани низоми ягонаи қувва ва воситаҳои Кумита дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва муайян намудани вазифаҳои техникии Гурӯҳи кории миллии расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ, муайян намудани нақш ва масъулияти Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба Гурӯҳи миллии кории тими миллӣ оид ба таъмини ёрии оҷилии тиббӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳолатҳои фавқулода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки Созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ имзо шавад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






