Дар Истанбул масоили ҳамкорӣ ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Туркия баррасӣ шуд

Февраль 28, 2024 18:26

 ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул Зоҳир Мирзозода бо роҳбари Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Истанбул Айше Сӯзен Услуер баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва консулӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо омодагиашонро ба ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои дуҷониба байни ду мамлакат ва мусоидат ба ҳали мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Туркия изҳор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2024 18:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оғоз шуд
Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия иштирок намуд
Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд интихоб шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Дар Москва вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шурои Вазири корҳои хориҷии ИДМ иштирок намуд
Дар Миср маҷаллаи «Тоҷикистон ва пиряхҳо» ба забони арабӣ ва англисӣ ба нашр расид
Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»
Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд