Дар қитъаи таҷрибавии Институти биологии «Помир» гармхонаи нави парвариши гулу буттаҳои ороишӣ бунёд мегардад

Февраль 18, 2024 09:51

ХОРУҒ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Олимон ва кормандони техникии Институти биологии «Помир»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади сари вақт гулпӯш намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хоруғ дар яке аз қитъаҳои замини таҷрибавӣ ба бунёди  гармхона ё гулхона оғоз намуданд, ки даҳаи дуюми моҳи феврал мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Мавсими гулшинонӣ дар шаҳри Хоруғ одатан аз даҳаи дуюми моҳи апрел оғоз шуда, то даҳаи аввали моҳи май идома меёбад. Ба гуфтаи олимон, то ин вақт кӯчати гулҳо низ омода мегардад.

Муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ Шавкат Исроров ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта дар қитъаи таҷрибавӣ гармхона бунёд намуда буданд, аммо он замон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр фақат дарахтони сафедор ва мевадиҳанда мешинониданд ва ба парвариши гулу буттаҳои ороишӣ чандон аҳамият зоҳир намегардид.

Бо иқдоми олимони  институти мо ин гармхона комилан аз байн бардошта шуда, ба ҷои он гармхонаи замонавӣ сохта мешавад. Мутобиқи лоиҳа, дарозии гармхонаи нав 60 метрро дар бар гирифта, паҳноии он 11 метр аст. Дар ин гармхона дар баробари парвариши гулҳои рангоранг ҳамчунин бо иштироки донишҷӯёну устодони  факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ корҳои селексионӣ анҷом ёфта, парвариш ва ба иқлими сарди кӯҳистон мутобиқ намудани гулу буттаҳои ороишӣ, гузаронидани таҷрибаҳои биологиву физиологӣ ва омӯхтани хусусияти навъҳои гулу гиёҳҳо низ ба нақша гирифта шудааст».

Ба сохтмони гармхона 12 бинокор аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Меъмор» ҷалб шуда, таҳкурсии гармхонаро пурра ба анҷом расонидаанд. Коргарон ҳоло ба васлу насби қолаб аз симчӯбҳои оҳанин шуруъ намудаанд.

Шавкат Исроров  гуфт, ки то имрӯз  дар шаҳри Хоруғ 6  гармхонаи хурд, дар ноҳияи Шуғнон 2  ва дар ноҳияи Дарвоз 3 гармхона вуҷуд доранд, ки ба парвариши гулу буттаҳои ороишӣ машғул мебошанд. Аммо азбаски масоҳати ин гармхонаҳо хурд аст, онҳо имкон надоранд, ки кӯчаву хиёбонҳои асосии шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳоро сари вақт бо кӯчати гулҳо таъмин намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2024 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад