Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ масъалаи ба «шаҳри гулрез» ва «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ва сабзу хуррам гардонидани он баррасӣ гардид

Февраль 6, 2024 17:14

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ вохӯрии роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бо масъулони  кумитаву ташкилоти ҳизбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадафи вохӯрӣ иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ба муроҷиатномаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри гулрез» ва «шаҳри сабз» табдил додани пойтахт ва сабзу хуррам гардонидани он маънидод гардид.

Зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки шаҳри дилорои Душанбе хонаи умеду ормонҳои тамоми тоҷикони дунё мебошад ва тозагиву озодагӣ ва сарсабзу хуррамии он аз мо вобастагии амиқ дорад.

Ҳамзамон масъулону  ҳозирин даъват шуданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иқдоми тозагиву ободонӣ ва ниҳолшинонӣ даст бизананд ва майдончаҳои варзиширо, ки аз рӯйи талаботи муосири шаҳрнишинӣ бо заҳмати зиёд бунёд шудаанд, самаранок истифода баранд.


Ҳамзамон чунин вохӯрӣ бо кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир гардид.

Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқоту суҳбатҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзгардонӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии пойтахт, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардидааст, баргузор мегарданд.

Бо масъулони  кумитаву ташкилоти ҳизбӣ, масъулини майдончаҳои варзишӣ, раисони шаҳраку маҳаллаҳо ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсии пойтахт низ чунин мулоқоту суҳбатҳо  ба нақша гирифта  шудаанд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Февраль 6, 2024 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд