Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон нақши назаррас мегузоранд. Чунин изҳор намуд Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз зимни ҳамоише, ки дар қисми ҳарбии Сарраёсати ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, ҳамоиши идона ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки сарбозон ҳамеша ба ҳифзи сарзамини аҷдодӣ ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода буда, Ватанро ҳамчун модар дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.
Дар охир ба роҳбарияти қисми ҳарбӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.
Бо мақсади болидахотирии сарбозону афсарон инчунин мусобиқаҳои варзишии шоҳмоту шашка, дастхобонӣ ва вазнкашӣ доир шуда, ғолибон соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ








Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд






