Дар ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ афсарону сарбозони фаъолро ҳавасманд намуданд

Февраль 23, 2024 11:44

ДУШАНБЕ, 23.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва фаъолону сокинони ноҳия 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.

Дар ҷамъомади идона Раиси ноҳияи Мастчоҳ ва  муовини якуми Раиси вилояти Суғд иброз доштанд, ки ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар қатори муваффақияти дигари даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон дастоварди муҳими давлатсозӣ ва таҳкими истиқлол буда, тавассути он ҳифзи тамомияти арзии давлат ва сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазир гардид. Ҳамаи мо масъул ва вазифадор ҳастем, ки ҷиҳати омода намудан ва камолоти ҷавонон барои хизмати ҳарбӣ ва тақвияти пойгоҳи моддию маънавии қисмҳои низомӣ ҳамеша ба таври шоиста саҳм гузорем.

Дар ҷамъомад аз ҷониби Раиси ноҳияи Мастчоҳ як зумра кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, комиссариати ҳарбӣ, афсарону сарбозон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои саҳми арзандаашон дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, даъвати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат бо Сипосномаву медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи пурмуҳтавои консертӣ пешкаши ҳозирин гардид.

Инчунин бахшида ба таъсиси Қувваҳои Муссалаҳ Раиси ноҳия бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ноҳия ба қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ин ноҳия рафта, бо ҳайати шахсӣ ва афсарону сарбозон суҳбат намуд.

Раиси ноҳия аз садоқатмандию ҷонфидоии сарбозон ва афсарон ёдовар шуда, иброз намуд, ки Артиши миллӣ аз ҷумлаи дастовардҳои арзишманду таърихии даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, сипари давлат ва такягоҳи миллат маҳсуб мешавад. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шараф ва ифтихору нишонаи ҷавонмардӣ буда, барои тарбияи руҳию ҷисмонӣ ва сайқали тафаккури ҷавонон мактаби бузург аст.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Февраль 23, 2024 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд