Дар шаҳри Гулистон бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки ҷавонони муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Дар конференсия гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси сиёсиву низомӣ ва иқтисодиву иҷтимоии таърихи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон таъсис дода шуданд.
Бо назардошти вазъияти ҳамонвақта ва бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъи иҷтимоию сиёсӣ бо Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 1992 роҳбарии фаврии вазорату идораҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба уҳдаи Сарвари давлат, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.
Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои бешумор тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофашон гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшанд. Ин буд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ заминаҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гузошта шуданд.
Пас аз ду моҳи ба имзо расидани Фармони Раёсати Шурои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, аз таъсис ва ташкили Артиши миллии Тоҷикистон башорат дод ва 23 феврал расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонида, таъмини онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин раванд имрӯз низ идома меёбад. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ ба муносибати 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иброз намуда буданд: «Давоми се даҳсолаи гузашта аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 10 қисми ҳарбӣ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, 24 комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва зиёда аз 100 иншооти хизматрасонии нав ба истифода супорида шуд. Дар ин давра ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат беш аз 2600 иншооту биноҳои нав бунёд ва ба истифода дода шуданд».
Ҳамчунин таъкид гардид, ки саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу такомул ва пуриқтидор намудани вазъи моддиву техникии Қувваҳои мусаллаҳ, беҳгардонии шароити будубош ва таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисоси касбӣ хеле назаррас аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






