ДАРАХТ БИНШОН! Дар Хатлон зиёда аз 1000 бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд

Февраль 12, 2024 16:31

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар майдони «70-солагии водии Вахш»-и шаҳри Бохтар ва ноҳияи Кӯшониён маъракаи шинонидани дарахтони ҳамешасабз баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 1000 бех дарахти ҳамешасабз шинонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Иброз гардид, ки вазифаи ҳар сокини вилоят ин аст, ки дар тозагӣ ва ободии диёр саҳми назаррас гузошта, барои ҳифзи табиат камари ҳиммат бандад.

Масъулин ҷиҳати нигоҳдории дарахтони нодири ороишӣ, кишти алафҳои ҳамешасабз ва гулҳо дар майдони «70-солагии водии Вахш», аз ҷумла то 100 ҳазор адад лолаи хушранг ва вусъат додани корҳои хуррамгардонӣ дар маркази маъмурии вилоят вазифадор гардиданд.

Дар раванди ниҳолшинонӣ таваҷҷуҳи хосса ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусияти зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳо ва риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ равона гардид, зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 12, 2024 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд