ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Мастчоҳ беш аз ҳазор бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 11, 2024 15:54

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ беш аз 1000 бех ниҳоли ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ.

Бо ибтикори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз дар канори шоҳроҳ, роҳҳои маҳаллӣ, назди биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо ва хиёбону гулгаштҳо, инчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муташаккилона идома доранд.

Аз ҷониби мутахассисон  ба масъулин ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, ривоҷи корҳои ободонӣ ва дуруст парвариш намудани ниҳолҳо дастуру маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи бедоршавии табиат чун анъанаи нек дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияи мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардида, бо мақсади вусъат додани корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Февраль 11, 2024 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар боғи навбунёди Шуғнон 15 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб беш аз 10 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Шуғнон боғи намунавӣ бунёд гардид
Дар шафати кӯли Ҳафткӯл-Ҳазорчашма 3900 бех ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуд
БАРНОМАИ «КИШВАРИ САБЗ». Дар ноҳияи Айнӣ дар 0,80 гектар ниҳолхона ташкил карда шуд
«КАМАРБАНДИ САБЗ». Дар шафати роҳҳои автомобилгард беш аз 180 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар ноҳияи Рӯшон дар 1 гектар боғи мевадиҳанда бунёд гардид
КИШВАРИ САБЗ. Дар шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат маъракаи муштараки ниҳолшинонӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ванҷ мавсими ниҳолшинонӣ оғоз ёфт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Истаравшан беш аз 18 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Хуҷанд ниҳолҳои ҳамешасабзи сарви аризонӣ шинонида шуданд
24 март — Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ. То соли 2040 дар Тоҷикистон беш аз 2 миллиард бех ниҳол шинонида мешавад