ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ёвон 300 бех ниҳоли сӯзанбарг бо риояи қоидаҳои агротехникӣ шинонида шуд

Февраль 25, 2024 11:12

ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар ноҳияи Ёвон дар асоси тавсияи  мутахассисони соҳа дар шафати роҳҳо, гулгашту хиёбон ва назди  ташкилоту муассисаҳо 300 бех ниҳоли  дарахти сӯзанбарг шинонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон итиллоъ медиҳад.

Раванди ниҳолшинониву сабзазоркунӣ таҳти назорат ва таваҷҷуҳ қарор дошта, шуруъ аз интихоби ниҳол макони шинонидани он, кандани чуқурча ва дигар қоидаҳои агротехникии ниҳолшинонӣ ва нигоҳубину сабзиши ниҳолҳои шинонида ба инобат гирифта мешавад.

Ин тадбири  экологӣ- маъракаи ниҳолшинонӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба «мамлакати сабз» табдил додани ҷумҳурӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои  Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон гузаронида шуд.

Бо мақсади иҷрои нақшаи ниҳолшинониву сабзазоркунӣ ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳрак, ҷамоатҳои  деҳоти ноҳияи Ёвон ҳашарҳои оммавии ниҳолшинонӣ ташкил мегарданд. Дар онҳо доираи васеи сокинон, кормандони касбу кори гуногун ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар сарсабзу хуррамгардонии маҳали зист саҳми муносиб мегузоранд.

     АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Февраль 25, 2024 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд