Доир ба номусоидии тағйирёбии иқлим ва бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон машварати омӯзишӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар мавзуи «Тадбирҳо ва қадамҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани устуворӣ ба хавфҳои ноустувории тағйирёбии иқлим ва рушди банақшагирии мутобиқсозии миллӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» машварати омӯзишӣ баргузор намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар кори омӯзиш аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Нақшаи миллии мутобиқсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ташкилоти ҳавзаи дарёи «Сирдарё», ташкилоти ҷамъиятию байналмилалӣ ва доираҳои илмӣ иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш ба иштирокчиён натиҷаҳои таҳқиқот оид ба инъикоси чорабиниҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз нуқтаи назари ҷорӣ намудани технологияҳои нав, беҳтар намудани инфрасохтор ва пойгоҳи маълумотӣ, баланд бардоштани иқтидор, такмили ҷанбаҳои меъёрию ҳуқуқӣ, механизмҳои институтсионалӣ ва маблағгузории иқлим дар стратегияҳо, барномаҳо, қонунҳо, кодексҳо ва дастурамалҳои қабулшудаи бахшҳои асосии иқтисодиёт пешниҳод шуданд.
Ҳамзамон дар машварати омӯзишӣ натиҷаҳои ҷамъбасти корҳои таҳлилӣ оид ба ҳамгироии тағйирёбии иқлим ба сиёсат ва баҳисобгирии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешниҳод гардиданд.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






