Ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар байни донишҷӯёни соҳаи тиб ҷаласаи корӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва баланд бардоштани азхудкунии дарсҳо дар байни донишҷӯёни соҳаи тиб ҷаласаи корӣ доир гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар медиҳад, иштирокчиёни ҷаласа баҳри боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар кафедраҳо ва муассисаҳои таълимии соҳавӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, бештар дар амал ҷорӣ намудани навгониҳо, вусъат бахшидани корҳои илмӣ ва дар амал ҷорӣ намудани онҳо мулоҳизаронӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Ҷамолиддин Абдуллозода дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» бо ҷараёни таълими донишҷӯёни кафедраи ҷарроҳии кӯдакона низ шинос шуда, барои азхудкунии нозукиҳои ин соҳа ба донишҷӯён маслиҳату тавсияҳои муфид дод.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид






