ҲИФЗИ ОЗОДАПАЛАНГ. Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2024-2028» қабул гардид

Февраль 22, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон оид ба ҳифзи бабри барфӣ тадбирҳои муассир андешида шуда, бо қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатӣ  оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» қабул гардид. Барнома  дар се марҳила -солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои  ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ- ин ҳайвони нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

 Ҳифзи бабри барфӣ — ҳадафи асосии Барнома 

Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академия, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов  дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳифзи муҳити хоси сукунати бабри барфӣ ва объектҳои ғизоии он, коҳиши таҳдидҳо ва таъсири фаъолияти инсон ба популятсияи табиии бабри барфӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим аз ҳадафҳои  асосии «Барномаи давлатӣ  оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»  мебошад.

Ин Барномаи давлатӣ ҷиҳати муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвоноти Тоҷикистон, ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, таҳия гардидааст.

Дар доираи Барнома мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешавад

Дар доираи «Барномаи давлатӣ  оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028»  ҳамоҳангсозии заминаҳои ҳуқуқӣ, мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ, мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба  беҳдошти манбаъҳои ғизоӣ, тарҳрезии чорабиниҳо оид ба паст намудани хавфи ҳуҷуми бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ, танзими чаронидани чорво ва пешгирии таназзули муҳити зист, пурзӯр намудани нақши ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда оид ба ҳифзи бабри барфӣ, ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар ҳифзи бабри барфӣ, тарғиби донишҳо, ҳамкории байналмилалӣ ва байнисарҳадӣ, ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта дар шароити тағйирёбии иқлим,  таҳияи чораҳои таъхирнопазир ва муассир амалӣ мешаванд.

Дар нақшаи амали Барнома ба таҳқиқи популятсияи бабри барфӣ, аз ҷумла тартиб додани харитаи ҷойҳои маълуми паҳншавӣ, истифодаи домҳои аксбардорӣ, ташхиси генетикӣ ва дигар усулҳои муосири таҳқиқот барои баҳодиҳии зичии популятсияи бабри барфӣ,  баҳодиҳии таъсири тағйирёбии иқлим ба популятсияи сумдорони ваҳшӣ ва бабри барфӣ ва таъсиси хазинаи марказонидаи маълумот оид ба бабри барфӣ диққати махсус дода шудааст.

Барнома  дар се марҳила амалӣ мешавад 

«Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ барои солҳои 2023-2028» аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», Низомнома дар бораи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва набототе, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва талаботи конвенсияҳои байналмилалии «Оид ба гуногунии биологӣ» ва «Дар бораи савдои байналмилалии намудҳои ёбоии фауна ва флораи зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта» (СITES), ки Тоҷикистон онҳоро ба тасвиб расонидааст, таҳия  шудааст.


Барнома  дар се марҳила -солҳои 2024-2026,   соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои  ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ- ин ҳайвони нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Иҷрои барнома, нақшаҳои амали он, инчунин мониторинг ва арзёбии амалисозии он ба уҳдаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал ва дигар  вазорату идораҳои марбута вогузор гардидааст. Бо мақсади таъмини иҷрои ин барнома ва нақшаҳои амали он созмонҳои байналмилалии соҳаи ҳифзи табиат, созмонҳои ҷамъиятии соҳаи экология ва ширкатҳои сайёҳӣ ҷалб мешаванд.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ — минтақаи калидии паҳншавии бабри барфӣ 

Абдусаттор Саидов иброз намуд, ки тибқи маълумоте, ки соли 2017 дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст,  саршумори эҳтимолии бабри барфӣ дар Тоҷикистон тақрибан 250-350 сарро ташкил медиҳад. Таҳлили аксҳои зимни истифодаи домҳои аксбардорӣ ба даст оварда мавҷудияти беш аз 180 сар бабри барфиро дар ҳудуди баъзе қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ба таври эътимоднок тасдиқ менамояд. Маълумоти наве, ки оид ба паҳншавӣ ва саршумори бабри барфӣ дар қитъаҳои алоҳидаи макони сукунати он ба даст оварда шудааст, бозгӯи он аст, ки дар Тоҷикистон на камтар аз 500 сар бабри барфӣ сукунат менамояд.

Тоҷикистон дар ҳудуди Осиёи Марказӣ минтақаи калидии паҳншавии бабри барфӣ буда, экосистемаҳои кӯҳие, ки дар онҳо бабри барфӣ паҳн гардидааст, ба экосистемаҳои осебпазири сайёра мансуб мебошанд.


70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ ба Бадахшон рост меояд 

Дар қаламрави ҷумҳурӣ аз даҳ   қитъаи паҳншавии бабри барфӣ нуҳтои он дар ҳудуди Помиру Олой ҷойгир шудааст. Бабри барфӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди 20 қаторкӯҳ – Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри Якум, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон ва Паси Олой паҳн гардидааст. Барои ҳифзи бабри барфӣ ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти калон дорад, зеро ба он 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон рост меояд.

Бабри барфӣ ба рӯйхати сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат дохил гардидааст 

Абдусаттор Саидов афзуд, ки бабри барфӣ, ки онро озодапаланг ҳам меноманд, яке аз зеботарин ҷонвари дарандаи кӯҳӣ буда, сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯши Тоҷикистон бозгӯи поктарин экосистема дар ин сарзамин аст. Бабри барфӣ ҳайвони ваҳшии нодире аст, ки соли 1963 дар «Китоби сурх»-и байналмилалӣ ва соли 1988 дар «Китоби сурх»-и Тоҷикистон сабт гардидааст. Шикори бабри барфӣ дар Тоҷикистон аз соли 1968 расман манъ гардидааст. Ҳамчунин он ба рӯйхати сурхи байналмилалии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намуди зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи дараҷаи (VU) ворид шуда, ба муҳофизати махсус эҳтиёҷ дорад. Бабри барфӣ калонтарин намояндаи оилаи гурбаҳои ваҳшӣ буда, дар ҳудуди беш аз 10 давлати дунё — Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Русия, Чин, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон, Бирма, Бутан ва Непал паҳн гардидааст. Зарурати махсуси ҳифзи бабри барфиро ба эътибор гирифта, аксар давлатҳо оид ба ҳифзи ин ҳайвони нодир стратегия ва нақшаҳои миллии амалро таҳия ва татбиқ намудаанд, афзуд Абдусаттор Саидов.

Кӯҳҳои баланду барфпӯши Осиё-макони сукунати бабри барфӣ

Бабри барфӣ дар баландкӯҳҳои Осиё – Ҳимолой, Қароқурум, Ҳиндукуш, Помир, Тиён-Шон, Олтой, Саян ва Кунлун паҳн шудааст. Масоҳати паҳншавии он 3 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар маркази масоҳати паҳншавии бабри барфӣ ҷойгир шудааст. Ҳудуди паҳншавии бабри барфӣ дар ҷумҳурии мо 85,7 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирад, ки 2,9 фоизи масоҳати ҳозираи паҳншавии ин намудро дар миқёси олам ташкил медиҳад.

Нишебиҳои буридашудаи кунҷашон аз 30° зиёд- макони сукунати бабри барфӣ 

Мавзеъҳои мусоиди сукунати бабри барфӣ қариб дар тамоми қитъаҳои паҳншавии он дар баландиҳои 3000-4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, муҳити хоси зисти бабри барфӣ минтақаҳои алпӣ ва субалпии дорои релефи ноҳамвор бо нишебиҳои тезу дараҳои чуқур мебошанд, ки дар баландиҳои аз 2000 то 4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир ҳастанд. Бабри барфӣ одатан нишебиҳои буридашудаи кунҷашон аз 30° зиёдро меписандад. Мавзеъҳои хоси сукунати бабри барфӣ дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Помир, ки қисми зиёди релефашонро харсангҳо ва нишебиҳои тез ташкил медиҳанд, ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди Помири Шарқӣ, ки релефи нисбатан ҳамвор дорад, бабри барфӣ асосан дар минтақаи марғзорҳои алпии харсангдор сукунат менамояд.

Баҳодиҳии саршумори бабри  барфӣ кори душвор аст

Бо сабаби дастнорас будани мавзеъҳои зист бабри барфӣ объекти мураккаби мушоҳида ва омӯзиш ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, баҳодиҳии саршумори он кори душвор аст,- мегӯяд Абдусаттор Саидов. Саршумори умумии ин даранда дар олам тақрибан 3,5-6 ҳазор сар арзёбӣ шудааст. То нимаи солҳои 60-уми асри гузашта саршумори бабри барфӣ дар Тоҷикистон нисбатан зиёд буд ва дар ҳудуди 1000 сар баҳогузорӣ гардидааст.                                             

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»