Раҳмон Исломиддин: «Ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба ҳалли мушкилоти аҳли башар мусоидат менамоянд»

Апрель 27, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 25-28 майи соли равон  дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  баргузор мешавад. Ин ҳамоиш идомаи «Раванди оби Душанбе» буда, ҳамчун платформаи муҳим барои таҳкими шарикӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо дар соҳаи об хизмат мекунад. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Исломиддин Раҳмон  оид ба аҳаммияти ин чорабинии сатҳи баланд ба АМИТ «Ховар» чунин изҳори андеша намуд:

— Мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он дар минтақаҳои гуногуни сайёра торафт бештар доман паҳн карда, ба суботи сиёсиву иқтисодии кишварҳо хатар эҷод мекунанд. Аз ин рӯ, идома ёфтани  чунин вазъият метавонад ба аҳли башар, бахусус, барои кишварҳои рӯ ба рушд пайомадҳои нохуш ба бор оварад.

Мусаллам аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускору нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ эътироф гардидаанд.  Дар ибтидои асри 21 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  яке аз аввалин роҳбароне ҳастанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти кишвари худ ва ҳамчунин, нишон додани роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд. Ин аст, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.

Сарвари давлат  пайваста дар  чорабиниҳои сатҳи  байналмилалӣ   ҷомеаи ҷаҳонро ба кӯшишҳои дастҷамъона барои истодагарӣ дар рӯ ба рӯи ин хатарҳои инсонӣ ва инчунин роҳҳои ҳаллу пешгирии он даъват  менамоянд.

Агар масъалаи мушкилоти оби ошомиданиро баррасӣ намоем, аён аст, ки ҳамарӯза ҳазорон кӯдак аз бемориҳое, ки ба об вобастаанд, мефавтанд. Миллионҳо нафар оби ифлосро истеъмол менамоянд. Пас метавон ишора кард, ки норасоии оби тоза аз баохир расидани захираҳои нафт ҳам муҳимтар буда, мушкилоти рақами яки инсоният дар асри XXI ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид як нукта мавриди баёни  хос мебошад. Ин ҳам қобилияти дарки саривақтии ин мушкил ва пешниҳоди тадбирҳо ва талошҳои пайгирона дар роҳи ҳалли он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

«Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 — 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013) ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 — 2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд. Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин иқдом дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Илова бар ин, боиси хушнудӣ ва истиқболу сарфарозист, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд ва тибқи ин қатънома соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид. Яъне, қабули чунин қатънома шаҳодати идомаи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзӯи обу иқлим мебошад.

Дар асоси қатъномаи мазкур, пешниҳодҳои  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

— Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

— Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

-Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

-Дар соли 2026 доир намудани Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар шаҳри Душанбе.

Аз ин рӯ, Қатъномаи номбурда аҳаммияти умумибашарӣ дошта, пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст.

Албатта, тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти замони нав, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин масъала муҳим, ки хислати ҷаҳонӣ дорад, аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо суханронӣ намуда, ҷиҳати пешгириву ҳалли он таъкид намудаанд. Аз ҷумла дар яке аз суханрониҳо Сарвари давлат  ба маврид таъкид кардаанд, ки «ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».

Бо дарназардошти ин, имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд. Боварии комил дорем, ки ташаббуси минбаъда саҳифаи нав барои ноил гардидан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об хоҳад буд.

Дар рафти татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти ҷаҳон оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба об гардид. Дар натиҷаи чорабиниҳои баргузоргардида роҳҳо ва механизмҳои ҳалли масъалаҳои муҳими вобаста ба захираҳои об муайян гардида, муколамаҳо байни истифодабарандагони об дар ҳама сатҳҳо мустаҳкам шуданд. Баргузор шудани чандин нишаст, конференсияҳои байналмилалӣ ва симпозиумҳо, бо қарорҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид тасдиқшуда на танҳо барои муаррифии Тоҷикистон, захираҳои бойи табиии он, мардуми куҳанбунёд ва фарҳанги мамлакат буд, балки тоҷиконро ҳамчун мардуми меҳнатдӯсту созанда, ки дар шароити амнияти куллӣ ва субот зиндагӣ доранд, ба оламиён ошно кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории худ дар соҳаи об ва бозидани нақши фаъол дар ҳалли муаммоҳои вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайравӣ мекунад. Маҳз бо ҳамин мақсад ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Пас, ҳадафи ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд таъкиди зарурати ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ҳамчун ҳастии ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 27, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЗАРФИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ УСТУВОР. Ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида мешавад
«ЗАМИН ХОНАИ ЯГОНАИ МОСТ – ОНРО ДӮСТ ДОРЕМ! ». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии Замин
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон — ниҳоди мафкурасоз ва таҳкимбахши худшиносии миллӣ
АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — АСОСГУЗОРИ ИСЛОҲОТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай фаромӯшхотириро кам мекунад
Истифодаи нодурусти маводи пластикӣ ба саломатии инсон чӣ гуна таъсир мерасонад?