КОРХОНАҲОИ БЕКОРХОБИДА ДАР СУҒД. Агар барои ба кор андохтани онҳо тадбир андешида нашавад, аз нав ба тавозуни ҳукумати маҳаллӣ баргардонда мешаванд

Февраль 14, 2024 10:22

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёду баистифодадиҳии садҳо корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, танҳо давоми соли гузашта 269 адад корхонаи нав бо 2455 ҷойи корӣ фаъол гардонида шуд. Он коргоҳҳое, ки солиёни дароз бекор истодаанду соҳибонашон барои ба кор андохтани онҳо чораҷӯӣ намекунанд, шартномаи давлатиашон бекор ва аз нав ба тавозуни ҳукумати маҳаллӣ баргардонда мешаванд. Чунин иброз дошт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 6 феврали соли 2024 баргузор гардид.

Мавсуф илова намуд, ки соли 2023 дар вилоят 123 корхонаи саноатӣ фаъолият накард, ки сабаби он рақобатпазир набудан ба иқтисоди бозорӣ мебошад.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соли 2023 ҷиҳати иҷрои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 26 миллиарду 51,9 миллион сомонӣ расонид, ки нисбат ба соли 2022 бо нархҳои муқоисавӣ 2 миллиарду 923,9 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил медиҳад»,- гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар нишаст гуфта шуд, ки дар ин давра таваҷҷуҳи асосӣ ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда равона карда шуд. Аз ҷумла, соли 2023 1 миллиону 297,5 ҳазор тонна семент ва 1 миллиону 417,5 ҳазор тонна ангишт истеҳсол шудааст. Ҳамчунин ба миқдори 298,1 ҳазор тонна орд, 5,5 ҳазор тонна равғани растанӣ, 59,9 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 7,3 ҳазор тонна маҳсулоти макаронӣ, 36 миллиону 315,2 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун, 14 миллиону 502,0 ҳазор декалитр нӯшокиҳои беспирт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 108,6 фоиз, равғани растанӣ 109,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 113,7 фоиз, маҳсулоти макаронӣ 147,4 фоиз, консерваҳо 120,0 фоиз ва нӯшокиҳои беспирт 134,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 13 феврал Раиси вилояти Суғд роҳбарони як қатор корхонаҳои калони вилоятро ба ҳузур пазируфт, ки дар рафти суҳбат масъалаи зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини рушди соҳаи саноат мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси вилоят аз ҷумла бо директори тиҷоратии ҶДММ «Анзоб» Толиб Холзода, директори генералии Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой Як Чжи Сай, директори генералии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ», Ли Сю Мин, муовини директори генералии ҶДММ «Талко Голд» Шариф Ҷумъазода мулоқот анҷом дода, барои иҷрои уҳдадориҳо ва таъмини рушди соҳаи саноат, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити коргарон ва саҳмгузорӣ дар бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ вазифагузорӣ намуд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти корхонаҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва роҳбарони корхонаҳо бояд бо истифода аз имкониятҳо барои зиёд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот чораҷӯӣ намуда, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии мамлакат саҳми арзанда гузоранд.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар ҷумҳурӣ 3444 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Февраль 14, 2024 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ёвон 649 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Дар Ҳамбурги Олмон 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Дар иншооти ҷашнии ноҳияи Ашт корҳои ободониву созандагӣ идома доранд
Намояндагони баландпояи Бонки ҷаҳонӣ бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд
Дар Екатеринбург 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд аз чойхонаи Сирдарё дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти нави истеҳсоливу иҷтимоиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи томактабии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и «Нури Раҳмон»-ро ба истифода доданд