Мактабҳои шаҳри Душанбе ба баргузории Барномаи байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA 2025) омода мешаванд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба омода намудани ҳамоҳангсозони мактабҳо барои баргузории Барномаи байналмилалии дастовардҳои таҳсилии хонандагон (PISA 2025) машварати омӯзишӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машварат директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, роҳбари Лоиҳаи «Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Штефан Зиверт, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо Айгул Казжанова, намояндагони Вазорати маориф ва илм ва директорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар PISA 2025 барои арзёбии сифати таҳсил дар асоси муносибати босалоҳият, ислоҳоти соҳаи маориф, ҷорӣ намудани низоми самараноки таълим, механизмҳои институтсионалии арзёбӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мешаванд, хубу натиҷаовар аст.
Тибқи нақша, аз 22 апрел то 11 майи соли 2024 озмоиши маҳаллии Лоиҳаи татбиқи PISA 2025, инчунин соли 2025 таҳқиқоти асосӣ бо иштироки ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки дар баргузории PISA 2025 иштирок намуда, натиҷаи ин таҳқиқотро барои беҳбуд бахшидан ба соҳаи маориф истифода намояд.
Дар идомаи машварат ҳамчунин дар бораи таҷриба ва натиҷаҳои иштироки Ҷумҳурии Қазоқистон дар барномаҳои байналмилалии арзёбии сифати таҳсилот, ҳамоҳангсозони воситаҳои арзёбӣ ва тартиби баргузории таҳқиқоти PISA ва мавзуъҳои ба лоиҳа дахлдор сухан гуфта шуд.
Баъди ба итмом расидани суханрониҳо бо омӯзгороне, ки дар машварат иштирок доштанд, барои дар сатҳи баланд гузаронидани озмоиши маҳаллии PISA 2025 бо иштироки хонандагон дар муасcисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе кори амалӣ гузаронида шуд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) маротибаи аввал дар таҳқиқоти PISA иштирок менамояд ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъули гузаронидани PISA 2025 таъйин шудааст.
Чунин машварат барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе низ баргузор мегардад.
АКС: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд






