МАРДУМИ КӮҲИСТОН ОНРО ДЕР БОЗ ИНТИЗОР БУДАНД. Лоиҳакашии роҳи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳакашии роҳи Айнӣ-Кӯҳистони Мастчоҳ оғоз гардид. Ҳайати вазорати нақлиёт ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ бо харитаи роҳ шинос шуда, бо мутахассисон вобаста ба таҷдид ва навсозии роҳ машварат намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Лоиҳаи муҳим дар идомаи иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон таҳия гардидааст. Гуфта шуд, ки Лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, ки 80 километрро ташкил медиҳад, лоиҳакашии дақиқ талаб менамояд ва он бояд ба стандартҳои замони муосир пурра ҷавобгӯ бошад.
Таъкид шуд, ки оғози корҳои лоиҳакашӣ дар ин роҳ, ки мардуми кӯҳистон онро дер боз интизор буданд, дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек мебошад.
Бунёди роҳҳои замонавии нақлиётӣ дар минтақаи болооби Зарафшон ба он марбут аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои водӣ аз тариқи роҳи муосиру замонавӣ таъмин ва дар ин замина сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад. Ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






