Маркази тадқиқоти стратегӣ ва ЮНИСЕФ вобаста ба пажуҳиши осебпазирӣ ва хатарҳои мансуб ба наврасон ҳамкорӣ менамоянд

Февраль 29, 2024 11:24

ДУШАНБЕ, 29.02.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хайриддин Усмонзода бо мушовири минтақавии ЮНИСЕФ-и Созмони Милали Муттаҳид Марио Москер барои тавсеа ва тақвияти ҳамкорӣ вобаста ба осебпазирӣ ва хатарҳое, ки наврасон ба он дучор мегарданд, ибрози назар карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Таъкид гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ  дорои таҷрибаи ҳамкорӣ бо созмони ЮНИСЕФ дар самти баргузории таҳқиқоти соҳавӣ буда, минбаъд низ омодаи ҳамкории судманд мебошад.

Марио Москер иброз намуд, ки хоҳишманди гирифтани маълумот доир ба фаъолияти таҳлилии Маркази тадқиқоти стратегӣ ва барномаи минбаъдаи илмиву таҳқиқотии  банақшагирифта вобаста ба масоили иҷтимоӣ мебошад. Изҳор гардид, ки ЮНИСЕФ доир ба пажуҳиши масъалаҳои мавҷуда дар муҳити наврасон омодаи ҳамкорӣ аст.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкории муштарак вобаста ба масъалаҳои некуаҳволии кӯдакон ибрози назар намуданд.

 АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад