МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Саидалӣ Гулов: «Дар ҳавои сард набояд корҳои башаклдарорӣ ва буриши дарахтон анҷом дода шаванд»

Февраль 24, 2024 09:55

ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, то охири моҳи феврал дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани барф ва борон пешгӯӣ мешавад. Ба гуфтаи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саидалӣ Гулов, ин гуна вазъи ҳаво барои деҳқонон ва соҳаи кишоварзӣ манфиат меорад. Деҳқононро мебояд дар ин айём барфи ҷамъшударо дар атрофи танаи дарахтон ҷамъ намоянд, то он тавонад дарахтро дуру дароз карахт нигоҳ дошта, аз гулкунии барвақтӣ нигоҳ дорад. Ҳамчунин дар боғҳое, ки дар баландӣ ҷойгир мебошанд, набояд башаклдарорӣ ва буриши дарахтон анҷом дода шавад.

Бояд гуфт, ки зимистони имсола то чанд рӯзи охир хушк ва гарм омад. Аллакай як қисми дарахтони мевадиҳандаи пешпазак гул намуда, қисми дигараш дар ҳолати варамкунии муғчаи гулу навдаҳо ҳастанд. Ба гуфтаи Саидалӣ Гулов, таъсири ин гуна сардиҳо ба он дарахтоне, ки гул кардаанд, чандон ташвишовар нест. «Зеро шумораи дарахтони гулкарда кам мебошад. Дар дарахтони гулкарда фоизи гули мевадиҳандааш ҳамагӣ 20-25 фоиз аст, яъне 75-80 фоизи гулро мепартояд. Яъне, агар ҳамон гулҳои кушодашударо сармо ҳам занад, пас ҳоло гулҳое ҳастанд, ки кушода нашудаанд ва муғчаҳое ҳастанд, ки ҳоло нашукуфтаанд»,-изҳор медорад коршинос.

Мутахассиси соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморад, ки барфе, ки чанд рӯзи охир дар ҷумҳурӣ борид, на зарар, балки фоидаи зиёд дорад. Яъне бориши рӯзҳои охир ба манфиати соҳаи боғпарварӣ ва кишоварзӣ аст. Ҳамзамон тамоми заминҳои лалмие, ки то имрӯз дар онҳо кишту кор анҷом ёфтааст, бо намӣ таъмин мешаванд.

Тавре Саидалӣ Гулов баён дошт, дар ин шабу рӯз набояд танаи дарахтонро аз барф тоза намуд. Зеро ин барф имконияти ҳимояи навдаҳои онҳоро дорад. Барф решаи дарахтонро бо намии дуру дароз таъмин месозад. Он барферо, ки дар атрофи решаи дарахтон аст, бояд ҷамъ карда, дар зери дарахт пур намоем, то тавонад дарахтро дуру дароз карахт нигоҳ дорад ва аз гулкунии барвақтӣ пешгирӣ намояд.

Ба гуфтаи мутахассиси соҳа, деҳқононро мебояд ин шабҳои сардро ба манфиати кор истифода бурда, аз яхобмонӣ васеъ истифода баранд. «Дар ин шабу рӯз бояд яхобмониро мувофиқи талабот иҷро  намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои дар хокбуда ва дар атрофи дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Ҳамзамон давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад»,-  афзуд ҳамсуҳбати мо.

Коршинос тавсия медиҳад, ки барфи болои дарахтони мевадиҳандаро зарурати афшондан нест. Чунки худи барфи дар навда ва ҳам яхи дар болои навда буда имконияти муҳофизат намудани ғунчаҳои гул ва навдаҳои дарахтон аз сардиро доранд. Бояд дар боғҳои ҷавон, ҳосилдиҳанда ҳам резиши барф ба таври табиӣ ба амал ояд. Бо мурури гармшавии ҳаво яхи дар навдабуда оҳиста-оҳиста об шуда, мерезад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар хоҷагиҳои боғпарварии баландкӯҳ, ки баландии он 1500 метр ҳасту барфи зиёд боридааст, бояд башаклдарорӣ ва буриши дарахтон дар сардӣ гузаронида нашавад. Дар давраи баъди тамомшавии барф ва дар ҳолати ҳарорати ҳаво аз 5 дараҷа боло будан бояд ин корҳо гузаронида шаванд, ки ба манфиати боғпарварон аст. Зеро дар ҳолати сардӣ ҷои буришро хунукӣ зада, боиси касалиҳо ва осеб дидани навдаҳо мегардад.

«Пеш аз оғози гулкунӣ дар фасли зимистон то оғози баҳор 10-15 рӯз  қабл бояд мубориза бар зидди зараррасонҳо гузаронида шавад. Барои ин дар 100 литр об 5 кг карбамид ва 2 кг даҳани фаранг зарур аст. Ин маҳлулро замоне пошидан зарур аст, ки 3-4 рӯз борон набошад, то доруро шушта набарад. Агар имкон бошад, дар карбамид ва даҳани фаранг 1 литр собуни моеъ омехта кардан ба манфиати кор аст. Чун дар ин сурат дар атрофи дарахт қабати махсуси плёнкавӣ пайдо мешавад, ки ин самаранокии нобудсозии зараррасонҳоро бештар менамояд»,-афзуд коршинос.

Олимони соҳаи кишоварзӣ чунин мешуморанд, ки дар моҳҳои марту апрел ҳам эҳтимоли сардиҳои баргарданда мавҷуд аст. Дар ин сурат вақте ки гулҳо пурра мешукуфанду имконият ҳаст, бояд дар дохили боғҳо пору ва хасу хошокро дар ҳар ҷой ҷамъоварӣ намуд. Ва дар ҳолати сар задани сардиҳо аз ин пору ва хасу хошок бояд  дар самти шамолрӯ, ки ба дохили боғ меравад, дуд монда шавад, чун ин кор ба манфиати деҳқонон аст.

Ҳамсуҳбати мо изҳор медорад, ки дар сурати дурустӣ анҷом додани қоидаҳои агротехникӣ деҳқонону боғдорон метавонанд ҳосили хуб ба даст оранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 24, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Витаминҳо барои организми инсон чӣ аҳамият доранд?
27-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ифтихори миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таҳкимбахши ваҳдати миллӣ аст
Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»
ТАШАККУЛИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Андешаҳо дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»
ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛИ ОН. Андешаҳо дар ҳошияи Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи даҳсолаи об дар шаҳри Душанбе
ДИДГОҲЕ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
ПАЙВАНДИ ИЛМ БО ИСТЕҲСОЛОТ ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ СОҲАҲОИ ҲАЁТИ ҶОМЕА. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
РУШДИ ИЛМ ВА АҲАМИЯТИ ОН БАРОИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
БЕГОНАШАВИИ ОДОБ ВА РАСМУ ОЙИНИ ЛИБОСПӮШӢ — БЕГОНАШАВИИ ФАРҲАНГ АСТ. Андешаҳо перомуни либосҳои миллӣ ва динӣ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Нигоҳи нав ба арзиши об» намоишгоҳ доир мешавад
«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд
«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд