МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шахсони дорои вазни барзиёд ва гирифтори фарбеҳӣ бояд рӯзномаи вояи ғизо тартиб диҳанд
ДУШАНБЕ, 25.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми чор даҳсолаи охир дар саросари ҷаҳон шумораи одамони дорои вазни зиёдатӣ ва фарбеҳ афзоиш ёфта, бино ба гуфтаи коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шумораи одамони фарбеҳ назар ба соли 1975 се маротиба афзуда, дар охири даҳсолаи охир шумораи мардону занони дорои вазни зиёдатӣ тақрибан ба 2 миллиард нафар расидааст. Дар Тоҷикистон барои бартараф намудани ин мушкилӣ «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» амалӣ мегардад. Омилҳои асосии пайдоиши фарбеҳӣ ва пешгирӣ аз онро табиб, омӯзгори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ» Абдуқодир Авезов шарҳ дод.
Оё фарбеҳӣ беморӣ аст?
Ба гуфтаи мутахассис, фарбеҳӣ яке аз масъалаҳои афзалятноки соҳаи тандурустӣ буда, солҳои охир ба яке аз бемориҳои хавфноки сайёра мубаддал гардида, тамоми кишварҳои ҷаҳонро нигарон намудааст. Зеро оқибати он ба оризаҳои зиёди бархе аз бемориҳо ва камумрӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ беморие мебошад, ки дар организм бо миқдори зиёди чарбу, ки бо вайроншавии мубодилаи моддаҳои дохили буния алоқамандӣ доранд, захира мегардад ва ба зиёдшавии вазни бадан нисбат ба меъёрҳои қабулгардида бурда мерасонад. Он ба гурӯҳи бемориҳои музмин ва гурӯҳи бемориҳои синдроми метаболикӣ ворид гардидааст.
Омили асосии хатари пайдоиши фарбеҳӣ кадом аст?
«Фарбеҳӣ аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, дар натиҷаи вайроншавии таносуби неруи ба буния воридшуда ва неруи сарфшуда, ки дар натиҷаи фаъолияти фикрию ҷисмонӣ ба амал меояд. Вақте ки номутаносибии байни энергияи истеъмолкардаи бадан ва истеъмоли он бо ғизо ба амал меояд, ин боиси вайроншавии мубодилаи моддаҳо гардида, ба захирашавии чарбу дар ҷисм мусоидат менамояд»,- иброз дошт Абдуқодир Авезов.
Ба андешаи табиб, омилҳои асосие, ки ба фарбеҳӣ оварда мерасонанд, ин — камҳаракатӣ, истеъмоли нодурусти ғизо, реҷаи нодурусти ғизо, омилҳои ирсӣ, бемориҳои эндокринӣ, (гипотиреоз, инсулинома), вайроншавии реҷаи ғизогирӣ дар натиҷаи бемориҳои асаб, асабоният, садамаҳои асаб, вайроншавии фаъолияти гипоталамус, истифодаи доруҳои психотропӣ, кортикостероидҳо, антидепрессантҳо ва ғайраҳо мебошанд.
Ба гуфтаи табибон, вазни зиёдатии бадан омили зиёдшавии хатари бемориҳои дилу рагҳои хунгард ва фавти беморон вобаста ба баландшавии фишори хун, холестерини умумӣ ва диабети қанд мебошад.
Роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ
Фарбеҳиро бояд аз хурдсолӣ пешгирӣ намуд. Пеш аз ҳама, бояд барои кӯдакони хурдсол шароити дурусти истеъмоли ғизо фароҳам гардад. Масалан, миқдор, сифат ва вақти истеъмоли ғизо бояд назорат шавад. Ҳамчунин миқдори чарбуҳои ҳайвонро дар ғизо (гӯшти чарбудор, ҳасибҳо, равғани маска, панирҳои серравған), қанду шириниҳо, нони навъи аъло, ғизоҳои тезтайёр, обҳои рангаи газдорро кам карда, миқдори маҳсулоти аз ғизо бой, истеъмоли зиёди меваю сабзавотро зиёд намоянд.
Вобаста аз ин ба маҳдудияти намаки ошӣ то 5 г ва пешбурди тарзи ҳаёти солим бо машқҳои ҷисмонӣ, ҳавои тоза, ҳаракат, пиёдагардии ҳамарӯза аз 3 то 8 км, назорати доимии вазни бадан таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, зеро ҳамаи ин гуфтаҳо метавонад ба пешгирии фарбеҳӣ мусоидат намоянд.
Ин беморӣ чӣ гуна табобат мешавад?
Ба гуфтаи мутахассис, усулҳои зиёди табобати фарбеҳӣ мавҷуд буда, пеш аз ҳама, ба бемориҳое, ки дар натиҷаи фарбеҳӣ сар задаанд, бояд аҳамияти дақиқ дод.
Бояд ҳар шахс истеъмоли гӯштҳои серравған, қаннодиҳои гуногунро маҳдуд намояд ва ба ҷои онҳо бештар ғалладонагиҳоро истифода барад. Ҳамзамон бо меъёр истеъмол намудани хӯрок ба кам шудани вазни инсон сабаб мегардад.
Ба варзиш мунтазам машғул шудан, дар як шабонаруз 7000-8000 метр қадам задан, истеъмоли ғизои дуруст ва солим, худдорӣ намудан аз истеъмоли зиёди маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ, истеъмоли доимии меваву сабзавот роҳҳои пешгирии фарбеҳӣ мебошанд.
Табиб тавсия медиҳад, ки шахсони дорои вазни барзиёд ва гирифтори бемории фарбеҳӣ рӯзномаи вояи ғизо тартиб диҳанд, ки дар он истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳо, ҳаҷму ҳисса ва сабаби истеъмоли онҳо сабт гардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд
Ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор шуд
Барои мардуми тоҷик аз қадим василаи муҳими ҳамзистӣ, ҳамдилию фарзонагӣ эътироф меёфт. Эҳдо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БИЁБОНШАВӢ ВА ХУШКСОЛӢ. Дар Тоҷикистон «Нақшаи амал алайҳи биёбоншавӣ» қабул шудааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Ин рӯйдоди дорои аҳамияти стратегии миллӣ ва байналмилалӣ мебошад
Истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Камароб» ба фаъолият оғоз намуд
Барои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд






