МАСЪУЛИЯТИ ВОЛИДОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо волидайни донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид

Февраль 13, 2024 14:18

ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрии роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ бо волидайни донишҷӯён дар доираи нақша-чорабиниҳои корҳои тарбиявии муассиса баргузор гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар доданд.

«Падару модаронро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, муҳофизи марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ ва донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд»,- таъкид намуд Муҳриддин Низомӣ.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки имрӯз падару модарон насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт монеаҳои пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал намуда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагарданд.

Дар ин хусус суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ва дорои аҳаммияти хос аст: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».

Ҳамчунин дар вохўрӣ  ба масъалаҳои мутолиаи китоб,  риояи  либоспўшӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муоширати донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид гардид, ки донишҷӯёнро зарур аст, ки ба риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии аз ҷониби Вазорати маориф пешниҳодгардида аҳаммияти ҷиддӣ дода, сари вақт бо ҷузвдону ашёи хониш ба дарс ҳозир гарданд.

Дар ҷамъомад  масъалаҳои муҳим, аз ҷумла риояи тартибу интизом дар хобгоҳ, тарзи либоспӯшӣ, одоби сухан, риояи ҳолати санитарӣ ва гигиенӣ дар ҷойи зист  мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Роҳбарияти муассиса падару модаронеро, ки фарзандашон бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил менамоянд, бо “Сипоснома”- и донишкада қадрдонӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» моҳи августи соли 2011 ба тасвиб расида, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овардааст.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода 

Февраль 13, 2024 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд