Мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид

Февраль 22, 2024 12:15

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷузъи муҳими муносибатҳои ду кишварро ташкил медиҳад.

Тавре зикр гардид, ҳоло беш аз ҳаштод субъекти федералии Русия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақим доранд.

Зимни гуфтушунид таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Тотористон манфиатдор аст. Аз ҷумла, ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, ба мисли металлургия, саноати химия, сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ ҳамчун самтҳои дорои дурнамои судбахш номида шуд.

Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари энергетика, истихроҷи маъданҳо ва нафту газ, сохтмон ва кишоварзӣ, инчунин таъсиси марказҳои муштараки савдои яклухт ва логистикӣ дар Тоҷикистон ва Тотористон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Пешниҳод карда шуд, ки ҳамкорӣ барои омодасозии кадрҳои соҳибихтисос мутобиқи талаботи бозори меҳнат тақвият дода шавад.

Дар рафти мулоқоту музокирот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ мувофиқаҳои судбахш ҳосил шуд.

Мулоқоту музокироти Тоҷикистону Тотористон 22.02.2024

Февраль 22, 2024 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд