НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ ВА БОДӢ. Тоҷикистон барои бунёди онҳо иқтидори васеъ дорад

Февраль 8, 2024 08:41

ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2024, таҳти №41 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024» Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат вазифадор гардидааст, ки оид ба татбиқи лоиҳаҳои марбут ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ, ҷиҳати то соли 2026 ба ҳаҷми на кам аз 1000 мегаватт расонидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷумҳурӣ тадбирҳои амалӣ андешанд. Шарҳи АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ манзур мегардад.

«Соли 2023 сохтмони неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 кВ дар ноҳияи Мурғоб ва Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир, марҳилаи 3 бо маблағи умумии 124,4 млн. доллари ИМА идома ёфтанд. Ҳамзамон бо мақсади иҷрои яке аз нишондиҳандаҳои калидии бахши энергетика дар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» — истеҳсоли неруи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳо, барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ вазорат ҳамкориро бо шарикони рушд дар ин самт тақвият мебахшад», — гуфта шуд дар нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои об, ки 1 феврали соли равон баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотии ин ниҳод ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ вобаста ба «Сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар Вилояти Суғд» (бо иқтидори 200 МВт) ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа 17 феврали соли 2023 шартнома бо консорсиуми ширкатҳои JURU Energy Limited (Британияи Кабир) ва Rina Consulting (Италия) ба имзо расонида шуда, 17-18 марти соли 2023 корҳои воқеӣ ҷиҳати омодасозии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ оғоз гардиданд. Аз ҷониби вазорат вобаста ба татбиқи чунин лоиҳаҳо бо дигар шарикони рушд, аз ҷумла бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд бо иқтидори 100 МВт ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба ҳамкории байналмилалӣ USAID ҳамкорӣ идома дорад.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро мегирад. Зеро дар ҷумҳурӣ тавлидкунандаи асосии неруи барқ неругоҳҳои обӣ буда, сол то сол ба истифодаи дигар манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мисли энергияи офтоб ва бод низ таваҷҷуҳ зиёд зоҳир мешавад.


Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул ва ҳамчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расидааст. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи қонун ва фармони мазкур «Барномаи стандартикунонӣ дар соҳаи энергетика ва самаранокии энергия барои солҳои 2010-2012» қабул карда шуд. Илова бар ин, дар асоси роҳнамо, муқаррарот ва стандартҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия, Украина ва Қазоқистон 8 стандарти махсус дар самти сарфакорона истифода намудани энергия ва истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия омода гардид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2011 ба муносибати 20 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат, иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва бунгоҳҳои тиббии ноҳияҳои дурдаст 1825 панели офтобии тавлидкунандаи неруи барқ ва 6 неругоҳҳои бодӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, ба ноҳияҳои Балҷувон 100 адад, Ховалинг — 100, дараи Яғноби ноҳияи Айнӣ — 85, Мурғоб — 700, Рӯшон — 400, Ишкошим — 100, Дарвоз — 80, Ванҷ — 80, Шуғнон — 70, Роштқалъа — 70 ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 400 адад панели офтобӣ тақдим гардид. Ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва як қатор шаҳрвандон дар деҳоти мамлакат теъдоди панелу обгармкунакҳои офтобӣ афзуда истодааст, ки аз он аҳолӣ самаранок истифода мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади рушди иқтисоди «сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партофтҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентября соли 2022, №482 «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» ба тасвиб расид, ки дар 15 соли минбаъда мавриди амал қарор мегирад.

Корҳо дар доираи ин Стратегия рушд ёфта, самараи хуб ба бор меоранд. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур ҳоло насби неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори истеҳсоли зиёда аз 5 кВт-соат неруи барқ дар як шабонарӯз идома дорад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба истифода дода мешавад. Ин неругоҳ дар доираи ҳамкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ширкати ватании ТГЭМ ба даст омадааст. Дар айни замон корҳои насбу васли таҷҳизоти неругоҳ дар назди даромадгоҳи асосии донишгоҳ идома дорад.

Ба гуфтаи коршиносони соҳа, интенсивнокии радиатсияи Офтоб дар аксар ноҳияҳо ба 1000 ватт дар як метри мукааб мерасад. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо кишварҳои аврупоӣ хеле зиёд буда, имкон медиҳад, ки тайи 7 моҳ (аз апрел то октябр) тавассути обгармкунаки офтобӣ обро зиёда аз + 70 дараҷа гарм нигоҳ дорем. Ҳатто моҳи декабр метавон ба ин восита обро + 50 дараҷа гарм нигоҳ дошт. Дар рӯзҳои кӯтоҳу абрӣ низ обро +30 дараҷа гарм нигоҳ намуда, 65 дарсад неруи барқро сарфа кардан мумкин аст.


Олимони Институти физикаю техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон изҳор карданд, ки агар 0,1 дарсади масоҳати мамлакатро бо панелҳои офтобӣ пӯшонем, соле метавонем 300 миллиард кВт/соат неруи барқ гирем, ки ин аз талаботи мамлакат 13 маротиба зиёд аст. Истифодаи неруи офтоб, алалхусус дар мавсими зимистон, ки оби дарёҳо ях мебанданд, барои раҳоӣ аз мушкилот кумак мерасонад. Насби неругоҳ ва обгармкунакҳои офтобӣ дар манзилу нишооти хусусӣ буҷети хонаводаро сарфа карда, дар 3 — 4 сол хароҷоташонро ҷуброн менамояд.

Тибқи иттилои мутахассисон, иқтидори неруи шамол дар Тоҷикистон соле ба 25 — 150 миллиард киловатт/соат мерасад. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Роғун, Гулистон, ноҳияҳои Файзобод, Мурғоб, Ховалинг, Балҷувон, Шамсиддин Шоҳин ва Шаҳрис­тон насб кардани таҷҳизоти шамолии тавлидкунандаи барқ самарабахш аст. Инчунин, дар қисмати ҷанубии вилояти Хатлон гармхонаҳои офтобӣ сохта шудааст, ки бо харҷи кам ҳосили фаровон медиҳанд. Ин таҷрибаро метавон дар дигар минтақаҳои мамлакат истифода бурд.

Аз неруи Офтоб, ки манбаи беминнати рӯшноию гармӣ мебошад, оқилона истифода бурдан самараи хуб хоҳад овард. Набояд фаромўш кард, ки иқтидори Тоҷикистон дар самти истеҳсоли энергия аз манбаъҳои барқароршаванда хеле васеъ мебошад. Чунки ҷумҳурии мо дар «камарбанди офтобии ҷаҳон» қарор дошта, давомнокии рӯзҳои офтобӣ дар як сол аз 2000 то 3000 соатро ташкил медиҳад.

Мувофиқи ҳисоботи коршиносони Бунёди байналмилалии табиат (WWF), то соли 2050 кишварҳои ҷаҳон пурра ба энергияи барқароршаванда рӯ меоранд. Ҳоло аз ҷиҳати истифодаи неруи офтобу бод Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷаҳон ҷои якумро ишғол менамояд. Дар ИМА, Ҷопон, Олмон, Туркия, Кипр, Шветсия, Швейтсария, Канада, Испания, Дания, Фаронса, Арабистони Саудӣ ва АМА низ аз неруи офтоб барои тавлиди неруи барқ, обгармкунӣ, аз чоҳҳо боло кашидани об таҷҳизоти офтобиро фаровон истифода мебаранд.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 баён гардид: Бо амалисозии тадбирҳои зарурӣ соли 2032 истеҳсоли барқ дар мамлакат пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 8, 2024 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи соҳаҳои воқеии иқтисодиёт баррасӣ шуд
Масъалаи пешбурди савдо ва таҳкими имконияти молиявӣ дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ шуд
Дар Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Хуҷанд масъалаи истеҳсоли неруи барқ бо коркарди партов баррасӣ гардид
Дар шаҳри Тошканд ҷаласаи 81-уми Шурои нақлиёти роҳҳои оҳани мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Тоҷикистон «Долони сабз» — и намунавӣ бунёд карда мешавад
РОҒУН-ШАҲРИ ПИСАНДИДАИ МЕҲМОНОН. Дар нуҳ моҳ беш аз 7 ҳазор сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба тамошои он омаданд
Баррасии рушди ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ бо Арабистони Саудӣ
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмӣ-техникӣ ва инноватсионии ИДМ иштирок намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Корманди Вазорати энергетика ва захираҳои об ин мавзуъро шарҳ дод
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози Стратегияи миллии фарогирии молиявӣ доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лӯбиёро дар зарфҳои шишагин бояд захира намуд