НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нусхаи «Шоҳнома»-ро барои нашр муайян намуд

Февраль 8, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Нусхаи китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ соли 2010 ба чоп расида буд, барои нашр интихоб гардид, то дастраси ҳар хонаводаи Тоҷикистон  шавад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода иброз намуд, ки гурӯҳи корӣ баъди бо диққати комил омӯхтан ва муқоиса намудани чор нусхаи маъруфи «Шоҳнома» дар айни замон ба хулоса омад, ки нусхаеро, ки аз ҷониби Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ тартиб дода шудааст, ба нашр омода созад.

Таъкид гардид, ки дар раванди таҳияи матни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва мусоидат ба суръат бахшидан барои таҳияи ин шоҳасари миллӣ барои гурӯҳи корӣ тамоми шароиту имконоти зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба таҳрири матни «Шоҳнома» матншиносон ва мутахассисони адабиёти классикӣ аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 5 декабри соли 2023  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми ҷумҳурӣ дастрас шавад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд