НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Палатаи ҳисоби Тоҷикистон зиёда аз 398 миллион сомонӣ маблағи қоидавайронкунии молиявӣ барқарор гардид

Февраль 14, 2024 12:25

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ«Ховар»/. Соли 2023 зимни гузаронидани 166 чорабинии аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 405 миллиону 600 ҳазор сомонӣ қоидавайронкунии молиявӣ муайян гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022   28 миллиону 800 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Номбурда  иброз намуд, ки аз маблағи умумии қоидавайронкунии молиявии муайянгардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 39,8 млн сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 8,1 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 29,6 млн сомонӣ, талафот аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1 млн сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 38,1 млн сомонӣ, маблағҳои камҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 81,1 млн сомонӣ, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 188,3 млн сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 19,5 млн сомониро ташкил медиҳад.

«Оид ба бартараф намудани камбудию норасоиҳои муайянгардида тадбирҳои мушаххас андешида шуда, қоидавайронкунии молиявӣ ба маблағи 398 миллиону 500 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ 310 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 41 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 миллиону 200 ҳазор сомонӣ барқарор шуд. Ин 98,2 фоизи маблағи умумиро ташкил медиҳад»,- афзуд Раиси Палатаи ҳисоб.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд