НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Варзоб 158 иншоот ба истифода дода мешавад
ВАРЗОБ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Варзоб ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоотро ба нақша гирифтаанд, ки то имрӯз 46 иншооти гуногуни ҷашнӣ бо шумораи 96 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Дар айни замон сохтмони 49 иншооти дигар идома дорад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба иттилои раиси ноҳияи Варзоб, имрӯзҳо сохтмони бинои иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Шаршара, Қулписта ва Суғдиёни Ҷамоати деҳоти Айнӣ, бинои муассисаҳои таълимии деҳаи Фанфароқ ва Дашти Ринҷонии Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа ва дар маҷмуъ зиёда аз 70 синфхонаи иловагӣ дар ноҳияи Варзоб идома дорад, ки дар доираи ҷашни бузурги миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар нишаст гуфта шуд, ки вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб 1000 минтақаи истироҳатӣ сабт шудааст. Фаъолияти 110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, фаъолияти минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Комплеси лижаронии «Сафеддара» доимӣ мебошад. Дар онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит фароҳам оварда шуда, мунтазам фаъолият доранд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, соли 2023 90 ҳазору 565 сайёҳи дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49 ҳазору 908 нафар зиёд мебошад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд






