НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба соҳаи соҳибкории Тоҷикистон беш аз 10 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ соли 2023 ба соҳаи соҳибкории мамлакат беш аз 10 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод гардид. Тибқи омор, тавассути низоми «Равзанаи ягона» ба ҳолати 1 январи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 350,2 ҳазор субъекти хоҷагидор фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 10 ҳазору 138 адад ё 2,9 фоиз зиёд мебошад.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода имрӯз дар Душанбе дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати иқтисодию ҳуқуқии соҳибкорон ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири соҳибкорӣ аз ҷониби кумита тадбирҳои муассир амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2023 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ва бахшҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Хоруғ, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт беш аз 230 чорабинии омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо доираи васеи намояндагони бахши хусусӣ гузаронида шуданд.
Номбурда афзуд, ки вобаста ба идомаи ислоҳот дар самти такмили қонунгузорӣ ва дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва дигар намуди ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» бо тартиби муқарраргардида дар таҳрири нав таҳия гардид, ки он 22 июни соли 2023 қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Дар доираи ин тадбир кам намудани шумораи умумии номгӯи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳӣ то 25 дарсад пешбинӣ шудааст, ки ин ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати то 60 фоиз коҳиш додани номгӯи ҳуҷҷатҳо замина мегардад.
Ҳамзамон барои мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» Нақшаи амал оид ба таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, бо вазорату идораҳои марбута корбарӣ идома дорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид






